Пешниҳод: Пайкараи Борбад ва Ҷӯраев гузошта шавад
Як донишманди тоҷик пешниҳод дорад, назди биноҳои фарҳангие, ки номи ашхоси шинохтаро доранд, пайкараи онҳо ҳам насб шавад.
Мизроб Амирбеков дар як матлаб унвонии "Озодагон" гуфта, беҳтар аст, ки дар назди Кохи Борбад ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон пайкараи Борбад ва Акашариф Ҷӯраев гузошта шавад. Ӯ дар ин навишта, Борбад ва Акашариф Ҷӯраевро муаррифгарони фарҳанги волои тоҷикон унвон карда, менависад, "бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар Кохи Борбад ва Филармония ҷашнвораҳои миллӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангию тиҷоратии давлатӣ ва байнидавлатӣ сурат мегиранд. Иштирокдорони ин маъракаҳо номи ин фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро дар пешдевори қасрҳо мехонанд, вале симои тоҷикона ва зебои онҳоро пайдо карда наметавонанд. Имрӯз месазад, ки дар майдони кушоди ин қасрҳои бошукуҳ пайкараи Барбад ва Борбади сонӣ - Акашарифро гузорем ва насли имрӯза ва оянда, меҳмонони Тоҷикистон аз дидани чеҳраҳои онҳо баҳраманд шаванд ва симои зебои тоҷиконаи онҳоро бинанд ва шиносанд".
Амирбеков мегӯяд, Борбади тоҷик аз аввалин эҷодкори мусиқии муҳташами устодонаи созию овозӣ дар таърихи таммадуни мусиқии мардуми шарқ буда, муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 достони хусравонӣ, бунёдгузори сабки марвихонӣ мебошад: "Ихтирооти мусиқии Борабад воқеан дар шаклгирии жанру анвои на фақат мусиқии мардуми эронӣ, балки дигар халқҳои шарқ заминаи асосӣ гузошт. Борбад ба сифати устоди фарҳангистони ҳунари Сосониён дар табақабандии даста, гуруҳҳои ҳунарӣ, коргузории гуруҳҳо хизмати шоиста намуда, барои ҳар гуруҳи ҳунарӣ таснифоти мусиқӣ сохтааст ва ҳар дастаи тартибдодаи Борбад худ роҳбар дошт. Ин буд, ки Борбад дар дарбори шоҳаншоҳи Сосонӣ ба мартабаи "сарвар", "шоҳи ромишгарон" расид".
Соли 1985 дар шаҳри Душанбе аз 1400 солагии зодрӯзи Борбад ҷашн гирифта, зимнан бузургтарин кохии Душанбе номи ӯро гирифт.
Мизроб Амирбеков дар бораи Акашариф Ҷӯраев гуфтааст, соли 1941 вақте даҳҳаи фарҳангии тоҷикон дар Маскав баргузор шуд, Сталин аз ҳунарнамоии ӯ ба ваҷд омада, 22 апрели соли 1941 изҳор дошт, ки "тоҷикон халқи барӯманданд, онҳо узбак, қазоқ, қирғиз нестанд ва халқи қадимтарини Осиёи Миёна мебошанд. Тоҷикон дорандаи тоҷанд ва инро худашон исбот сохтаанд. Шумо бояд дар ин давраи даҳҳа эҳсос намоед, ки тоҷикон бадеияти нозук, маданияти қадима дошта, лаззати истеъдоди онҳо дар мусиқӣ, суруд ва рақси онҳо таҷҷассум ёфтааст".
Ин донишманди тоҷик мегӯяд, имрӯз суруд ва оҳангҳои Акашариф Ҷӯраев мисли оҳанг ва сурудаҳои Борбад дар Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Узбакистон, Қафқоз ва ҳатто Аврупою Амрико аз тарафи шогирдон ва ҳаводоронаш суруда мешаванд: "Боиси фахр мебошад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳунари волои ин марди фарзонаро қадр намуданд ва маркази мусиқии Тоҷикистон-Филармонияи давлатиро ба номи ӯ гузоштанд".