Шарҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе асос латту кӯб шудаанд
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муноқишаи шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи 22 январро шарҳ дод.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, се шаҳрванди Тоҷикистон Ёсинҷон Амаков (соли таваллуд 1985), Хайруллохони Ализода (2000) ва Муслиҳиддин Шарипов (2001), ки баъди мусобиқаи футбол дар ҳудуди Қирғизистон қасди ба хонаҳояшон баргаштан доштанд, дар деҳаи Кок-Тоши Қирғизистон аз сӯи як гуруҳи 15 нафарӣ бе ягон асос зери латту кӯб қарор гирифтаанд: “Боиси ёдоварист, ки барои вуруд шудан ба маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи деҳаи Кок-Тоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Ботконти Ҷумҳурии Қирғизистон мегузаранд. Баъди чунин ранг гирифтани ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон барои кӯмак ба нозири минтақавии маҳаллаи Сомониён ва Хоҷа-Аъло хабар мерасонанд. Дар натиҷа кормандони милитсияи Шӯъбаи ВКД-2 дар шаҳри Исфара саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сади роҳи муноқиша мегарданд, аммо шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар онҷо ҷамъ шуда буданд, худи онҳоро низ сангсор намуда шишаҳои 3 адад автомашинаҳои кормандони мазкурро мешикананд”.
Манбаъ меафзояд, ба ҷойи ҳодиса сардори Дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе” Отряди сарҳадии “Исфара” ҳозир мешавад ва барои ҳаллу фасли муноқиша сардори Дидбонгоҳи сарҳадии “Кок-Тош”-и Қирғизистонро даъват мекунад, аммо дар вақти ҳаракат ба сӯӣ якдигар шаҳрвандони Қирғизистон сардори дидбонгоҳи сарҳдиро низ сангсор мекунанд, ки дар натиҷа аз дасти росташ ҷароҳати сабук мебардорад: “Дар ин ҳолат як автомашинаи сабукрави тамғаи “Матиз”, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон таалуқ дошт дар вақти ҳаракат аз тарафи Зарафшони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба самти деҳаи Кок-Тоши Қирғизистон зери сангбор қарор гирифта шуд дар натиҷа ҳамаи шишаҳои автомашина шикаста мешавад ва худи ронанда бе ягон зарари ҷисмонӣ бо автомашинааш аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Ҳамчунин ҳангоми сангсоркуни шаҳрвандони Қирғизистон манзили истиқоматкунандаи шаҳрванди Тоҷикистон Холикбердиев Нозим Расулович, ки бевосита дар хати сарҳади давлатӣ ҷойгир мебошад, болопӯш ва шишаҳои тирезаи хонаашро ба харобӣ оварда мерасонанд”.
Бино ба иттилои Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони оперативии Отряди сарҳадии “Исфара” муайян шуда, ки ин муноқишаро вакили маҳаллаи деҳаи Кок-Тоши Қирғизистон Розия Усарова ва сокини ин деҳа Зайниддин Хурамов ташкил кардаанд: "Мувофиқи маълумотҳои воридшуда шоми худи ҳамон рӯз Хурамов Зайниддин бо писарони худ, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз майдони варзишӣ бармегаштанд, латту кӯб менамоянд. Ҳамчунин аз тарафи ҷабрдидагон, яъне шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса даъват кардани кормандони милитсия аз ҳодисаи кор шаҳрванди Қирғизистон Розия Усарова хабардор шуда, иловатан ба ҷойи ҳодиса ҷавонони деҳаи Ақ-Татири ҷамоати деҳоти Равоти Қирғизистонро даъват мекунад. Ҳангоми ҷамъ шудани шумораи зиёди шаҳрвандони Қирғизистон дар ҷойи ҳодиса муноқишаи мазкур авҷ мегирад. Сипас ба ҷоий ҳодиса раиси ноҳияи Боткони Қирғизистон Салихов Кениш Каримович, сардори отряди сарҳадии “Боткон” подполковник Ниязбеков Эргеш ва сардори ШВКД ноҳияи Боткон ҳозир шуда бо мардуми ҷамъшудаи қирғиз корҳои фаҳмондадиҳи гузаронда, вазъро таҳти назорат мегиранд. Розия Усарова бо истифода аз мавқеи ишғол намудааш пайваста дар минтақаҳои наздисарҳади миёни шаҳрвандони ҳарду ҷониб муноқишаҳо ба амал меорад. Мақсади асосии амалҳои иғвоангезонаи Розия Усарова ин кӯч бастани шаҳрвандони Тоҷикистон сокинони маҳаллаи Сомониён ва ё аз ҷониби онҳо қабул намудани шаҳрвандии Қирғизистон мебошад".