Умеди Душанбе ба роҳкушоии Тошканд ба Хатлон
Усмон Қаландаров, ноиби раиси корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” изҳори умед кард, ки Тошканд ба дархости Душанбе барои кушодани роҳи оҳан ба Хатлон посухи мусбат хоҳад дод.
Қаландаров имрӯз, 24-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар ҷаласаи охири комиссияи байниҳукуматӣ пешниҳод шуд, ки ҳаракат дар роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг-Хатлон аз сар гирифта шавад. Ба гуфтаи Қаланадаров ҳайати Узбакистон дар гуфтушунид изҳор доштанд, ки ин масъаларо баррасӣ мекунанд ва посухашонро ироа хоҳанд кард: “Баррасӣ мекунанд ва хулосаашонро мегӯянд. Умед дорем, ки ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт”.
Инчунин ноиби раиси роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, дар гуфтушунид бо Узбакистон масъалаи тахфифи тарафайни нархи боркашонӣ ва ҳаракати қаторҳои Тоҷикистонро бо роҳи кӯтоҳтар ба миён гузоштаанд. Ӯ гуфт феълан қаторҳои Тоҷикистон гардишу гузаргоҳҳои зиёдро дар қаламрави Узбакистон мегузаранд, ки роҳро дароз мекунанд. Ба гуфтаи Қаландаров агар Узбакистон барои ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон тариқи Бойсун-Тошгузар-Қаршӣ иҷозат диҳад, роҳ 153 километр кӯтоҳ мегардад ва ҳудуди 20 соат вақт сарфа мешавад.
Умеди Душанбе барои ҳалли мушкилот дар ҳолест, ки роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг”, ки минтақаи ҷануби Тоҷикистонро бо роҳи оҳани хориҷ аз кишвар мепайвандад, аз сӯи Узбакистон 16 ноябри соли 2010 тахриб шуда, ҳаракат тавассути ин роҳ имконнопазир гардидаст.