Фармони Президент барои интихоби машваратчиёни халқии судҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки аз 1 то 14-уми феврал интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гаронизонҳои кишвар баргузор гардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, фармон дар ин бораро 23-юми январ имзо намудааст.
Бар асоси ин фармон “ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, бо мувофиқаи раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи банди 1 ҳамин Фармон гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мувофиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд”.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, машваратчиёни халқии судҳо бо назардошти таҷрибаи зиндагӣ, рафтору эътибор ва маҳалли зисти онҳо интихоб шуда, шарт нест, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дошта бошанд. Ба гуфтаи Ҳакимов машваратчиён баъди таҳлили моҳияти ҷиноят ва ҳолатҳои сабуккунандаю вазнинкунанда ба додрас ибрози ақида мекунад ва назарашон ба инобат гирифта мешавад.