Ш.Зуҳуров: Барои тарҳи Роғун ба мусоидати бародаронаи Арабистони Саудӣ эҳтиёҷ дорем
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳаммад ал-Мазият, муовини вазири молияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гуфтааст, Душанбе барои бунёди босифати неругоҳи Роғун ба дастгирӣ ниёз дорад.
Ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров, дар марҳилаи кунунӣ Тоҷикистон ба ҳайси афзалиятҳои калидии худ се ҳадафи стратегии рушди босуботро муқаррар намудааст, ки аз расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ иборат мебошанд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” гуфт, Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ кишвари хурд, вале дорои захираҳои фаровони табиӣ, обию энергетикӣ ва инсонӣ мебошад, ки метавонад дар татбиқи амалии “Чашмандоз 2030”-и Саудӣ саҳми намоён гузорад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сохтмони неругоҳҳои тавлиди барқи обии гуногуниқтидор, истифодаи муштараки захираҳои бузурги оби ошомиданӣ ва маъданҳои куҳии Тоҷикистон ном бурда, изҳор доштааст, бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати сабук, озуқаворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, обёрии заминҳои бекорхобида бо мақсадҳои зироатӣ, ҳамчунин сохтмону таҷдиди минтақаҳои саёҳатию табобатӣ аз ҷумлаи пружаҳое мебошанд, ки дар мадди назари Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд: “Ягона камбуде, ки дар ин самт эҳсос мешавад, ин норасогии сармоя мебошад”.
Шукурҷон Зуҳуров дар мавриди неругоҳи Роғун гуфтааст: “Чанде пеш бо оғози сохтмони сарбанди неругоҳи Роғун мо ба марҳилаи ниҳоии бунёд ва ба кор даровардани ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шурӯъ кардем ва тибқи нақша навбати аввали он бояд охирҳои соли 2018 ба истифода дода шавад. Вале дар шароити буҳрони шадиди иқтисодию молии ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба қарзи дарозмуддати имтиёзӣ барои татбиқи босифати ин лоиҳа, аз ҷумла ба мусоидати бародаронаи Арабистони Саудӣ эҳтиёҷ дорад”.
Ба гуфтаи ӯ, ин корро мешавад, дар чорчӯби фаъолияти Комиссияи муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки қарор аст, ҷаласаи навбатиаш дар шаҳри Риёз баргузор шавад, анҷом дод: “Фикр мекунам, баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур, рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, форумҳои иқтисодию сармоягузорӣ, намоишгоҳҳои имконоти сайёҳӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистону Саудӣ метавонанд ба хотирмон гардидани ин сол мусоидат намоянд. Мо Арабистони Саъудиро ҳамчун шарики хайрхоҳ медонем ва ба мушаххас гардондани мазмуну мўҳтавои ҳамкориҳои дуҷонибаи худ бо он манфиатдор мемонем”.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон гуфт, Муҳаммад ал-Мазият низ дар навбати худ таъкид намудааст, Фонди саудии рушд бо Тоҷикистон ҳамкориҳои хуб дошта, сол аз сол ҳаҷми сармоягузории он дар бахшҳои роҳу нақлиёт ва сохтмону таҷдиди беморхонаҳо афзоиш меёбад: “Мардуми араб шефтаи табиати зебову биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ дар ин соҳаро низ дар оянда дар дастури кори Фонди саудии рушд қарор хоҳем дод”.