Дар машварати корӣ, ки дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷӣкистон ва масъулини ҳукумати кишвар сурат пазируфт, оид ба омодагӣ ба идомаи сохтмони ин иншоот, истифодаи ҳадафмандона ва сарфакоронаи маблағҳои ҷудошуда, сифати корҳо ва ҳамкорӣ бо коршиносони байналмилалӣ оид ба ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳ ҳисоботи Оқил Оқилов, нахуствазири кишвар ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута шунида шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, зимни машварат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми корҳои барқарорсозии иншооти қаблан бунёдёфта ва омодагӣ ба идомаи сохтмон бо сифати баланд ва дар ҳамкорӣ бо коршиносони ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд. Бинобар таъкиди президент, ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд баръало донад, ки ин иншоот бояд садсолаҳо ба Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат кунад.Қайд гардид, ки принсипи шаффофият ва эътимодбахшӣ дар ташхиси байналмилалии техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳа бояд пурра ва бечуну чаро риоя карда шавад. Ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки истифодаи босамар ва сариштакоронаи ҳар як сомонии маблағҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби саҳмияҳои мардум ҷудошуда таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.