Нақшаи Алимардон барои ихтисори 800 коргари «Агроинвестбонк»
“Агроинвестбонк”, бонки таҳти идораи Муродалӣ Алимардон тасмим гирифтааст, барои коҳиши хароҷот ва беҳбуди вазъи молияш ҳудуди 800 коргарро ихтисор кунад.
Ин нуктаро имрӯз, 23-юми январ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе тасдиқ кард.
Нурмуҳаммадзода шарҳ дод, ки ин тадбир ба хотири кам кардани хароҷот ва солимгардонии “Агроинвестбонк” гирифта шудааст. Ӯ афзуд, кормандоне, ки аз “Агроинвесбонк” ихтисор мешаванд, агар мутахассисони хуб бошанд, бе ҷои кор намемонанд: “Ташкилоти қарзие ҳастанд, ки онҳоро ба кор мегиранд. Умуман аз руи нақшаи солимгардонии бонкҳо, яъне барои кам кардани хароҷот ва солимгардонии бонк ҳамин тадбир қабул карда шудааст. Аз рӯи маълумоти охире, ки мо дорем 800 нафарро барои ихтисор пешниҳод кардаанд. Агар мутахассисони хуб бошанд, ташкилотҳои қарзие ҳастанд, ки озмун эълон карда истодаанд, марҳамат онҳо метавонанд ба чунин ташкилотҳо муроҷиат намоянд. Мутахассиси хуб бошанд, харидорашон зиёд. Агар мутахассис ба талабот ҷавобгуй набошад, хай дар ягон ҷои дигар корашонро меёбанд”.
Раиси Бонки миллӣ аз тақдири кормандони ихтисоршудаи “Тоҷиксодиротбонк” зикр кард, ки баъзе ташкилотҳои қарзӣ аллакай онҳоро ба кор қабул карда истодаанд.
Дар маҷмуъ тибқи омор теъдоди кормандони низоми бонкӣ ҳазорҳо нафар кам шудааст. Агар соли 2015 теъдоди кормандони низоми бонкӣ беш аз 22 ҳазор нафар буд, аллакай моҳи июни соли 2016 то ба 19 ҳазор расида ва феълан боз камтар шудааст.