50 хушсалиқаи Душанбе дар соли 2016 кӣ буд? (Феҳраст+АКС)
Ширкати телевизион ва радиои “Ватан” исми 50 хушсалиқаи Душанбе дар соли 2016-ро эълон кард.
Расми эълони ғолибони тарҳи “ТОР 50” шоми 20 январ дар меҳмонхонаи “Ҳайят” бо ҳузури дипломатҳои хориҷӣ, назири сафирони ИМА, Бритониёи Кабир, Узбакистон, Белорус ва Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Имсол шоири саршиноси тоҷик Мӯъмин Қаноат, хонандаи маъруфи опера Адҳам Холиқов, раиси пешини Иттифоқи оҳангсозон Шуҳрат Ашӯров, ҳунарманди театр Тағоймуроди Розиқ, ровии телевизион Мусалама Мухторова, раҳбари дафтари Ҳуқуқи инсон ва риояи қонун Наргис Зокирова ҳам дар қатори хушсалиқаҳои пойтахт ном гирифта шуданд.
Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои “Ватан” мегӯяд, фарқи Ҷоиза аз ҷоизаҳои дигар он аст, ки инҷо номзадҳо аксаран худашонро пешниход намекунанд: “Ин корро дар муддати бештар аз ду моҳе, ки мо даври интихобиро баргузор мекунем (аз моҳи октябр то декабр), дигарон бояд анҷом диҳанд. Инҷо овоздиҳӣ тариқи СМС ҳам нест ва овозҳо тавассути кадом купон ҳам ҳисоб намешаванд. Номзадҳо инак чанд сол аст, ки тариқи сомонаи ин Ҷоиза www.top50.tj пешниҳод мешаванд. Теъдоди онҳо ҳар сол бештар аз 300 нафар аст ва мо аз он миён танҳо 50 нафари арзандаву хушсалиқаро интихоб мекунем. Миёни номзадҳо, ки мардум пешниҳод мекунад, намояндагони қариб ҳама сину сол ва касбу кор мавҷуд аст”.
Ӯ меафзояд, ҳадафи ин тарҳ танҳо пайдо кардани нафарони хушлибос нест. Аз миёни нафарони пешниҳодшуда ашхосе интихоб мешаванд, ки дар зиндагӣ салиқа ва завқи баланди кору эҷоду офаридан ва зистан доранд: “Инҷо мо салиқаи эҷод, дастоварди он нафар дар соли гузашта, хайёлбофӣ, талош барои комёбӣ, талоши зебо сохтани зиндагии худ ва дигаронро ба назар мегирем. Ин муҳимтар аз ҳама чиз аст. Қариб ҳамаи онҳое, ки соҳиби ҷоиза мешаванд, то охирин лаҳза комилан намедонанд, ки номи онҳо дар рӯйхати 50 нафари хушсалиқа хаст”.
Радиои “Ватан”, ки дар Душанбеву навоҳии атрофи он, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон барои шунавандаҳо дастрас мебошад, соли шашум аст тарҳи “ТОР 50”-ро амалӣ мекунад.
ФЕҲРАСТИ БАРАНДАҲОИ “ТОП-50” ДАР СОЛИ 2016
1. Қадамшо Миршакаров, мутахассиси дараҷаи байналмилалӣ дар умури иртиботи ҳавоӣ;
2. Мавлуда Каримова, намояндаи ширкати “Гедеон Рихтер”;
3. Саодат Раҳимӣ, муҳаррири маҷаллаи “VIPZone”;
4. Замира Ҷӯъмаева, раҳбари маркази кумак ба волидони атфоли дорои синдроми Дауна;
5. Чаман Қаҳорова, сардори мизи шиносномадиҳӣ;
6. Гулнора Қодирова, раҳбари оҷонсии “Monday”;
7. Алишер Хушвахтов, раҳбари диаспораи доғистонӣ;
8. Далер Шукуров, финансист;
9. Маъруф Муҳаммадов, раҳбари ширкати “Истера”;
10. Зулола Нарзиқулова, продюсер;
11. Бахтиёр Шокиров, тарроҳ;
12. Нигина Икромова, раҳбари “Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон”;
13. Нигина Бегматова, журналист;
14. Парвиз Рӯзиев;
15. Дилшод Ҷӯраев, раҳбари “Клуби соҳибкорони ҷавон”;
16. Акбаралӣ Бобоев, гиторнавоз;
17. Баҳодур Табаров;
18. Шуҳрат Ҷӯраев, фаъоли фамъиятӣ;
19. Манучеҳр Ҷалилов, футболбоз;
20. Манижа Муҳаммадзода;
21. Фирӯз Паллаев, овозхон;
22. Ирина Дмитриева-Ванн, ҳунарманд;
23. Талъат Нуъмонов;
24. Манучеҳр Рӯзиев, аккос;
25. Азза Дзарасти-Қаноат, санъатшинос;
26. Майрам Шодиева, фаъоли ҷамъиятӣ;
27. Рустам Каримов, корманди “Россотрудничества”;
28. Шараф Ҳабибов, раҳбари ширкати “RedLine”;
29. Ниссо Расулова, фаъоли ҷамъиятӣ;
30. Азиза Наимова, корманди бонк;
31. Хуршед Сатторов, тарроҳ;
32. Нодир Турсунзоде, аккос;
33. Шаҳноза Раҳматуллоева, меъмор;
34. Комила Шоҳидова, ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ;
35. Адҳам Холиқов, Ҳугарманди мардумии Тоҷикистон;
36. Фабио Ҳолиқов, “Фабио питса”;
37. Алексей Савченко;
38. Шуҳрат Ашӯров, композитор;
39. Назир Шарифӣ, соҳибкор;
40. Илҳом Юнусов, аккос;
41. Нуралӣ Солиҳов, ректори РТСУ;
42. Искандар Мирзоғаниев;
43. Мусаллама Мухторова, ровии телевизион;
44. Замира Набиева, созмони “Рушди инклюзив”;
45. Мушаррафа Ҷӯраева, дотсенти кафедраи ДМТ;
46. Наргис Зокирова, ҳомии ҳуқуқ;
47. Умед Мирзоширинов, коргардон;
48. Меҳроб Раҳмонов, ҳуқуқшинос;
49. Мӯъмин Қаноат, шоир;
50. Тағоймурод Розиқов, ҳунарманд;