Мансабҳои нави генералу полковникҳо дар ВКД
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар ин ниҳод иттилоъ дод, ки имрӯз, 23-юми январ дар мувофиқа бо раисиҷумҳур амалӣ шудаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷумла генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод карда шуда, ба мақоми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъин гардид:
- полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобир ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб:
- полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума – ба вазифаи сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Қаҳҳоров Ҳабиб Абдураҳимович ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Табарзода Валиҷон Саид ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Маҳмадризо Ҷамшед Маҳмадулло ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Саидзода Раҳматулло Аҳмад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб;
- полковник Ҷабборзода Музаффар Абдусамад ба вазифаи командири Полки моторикунонидашудаи махсуси милитсияи қисми ҳарбии 5453-и Қушунҳои дохилии ВКД таъин карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба авзои ноороми баъзе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз кадрҳои навтаъин хостааст, манфиатҳои давлату миллат - бахусус ҳаёти осоишта ва суботу оромиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.