Изҳори сипоси Ш.Зуҳуров аз ёриҳои Арабистони Саудӣ: Умедвори идомаи чунин амри хайр ҳастем
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Арабистони Саудиро шарики муҳими Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Миёна хондааст. Ӯ ин нуктаро дар мулоқот бо доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки рӯзи 22 январ дар шаҳри Риёз баргузор шуд, изҳор доштааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, Зуҳуров таъкид намудааст, ки “мардумон ва кишварҳои моро чандин муштаракоти безаволи таърихию тамаддунӣ ва маънавӣ ба ҳам мепайвандад. Ҳамин буд, ки бисту панҷ сол муқаддам Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони ислом ва араб ва зиёда аз ин тамоми олам яке аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Ҳамзамон Арабистони Саудӣ аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати худро ифтитоҳ намуд”.
Раиси палатаи поёнии парлумон барои саҳмгузорӣ дар сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, чанд мактабу шифохона ва кумакҳои доимии башардӯстона изҳори сипос карда, таъкид намудааст, ки “умедвори идомаи чунин амри хайр ҳастем”.
Ба иттилои манбаъ, Зуҳуров гуфтааст, дар такя ба иқтидорҳои васеи молиявӣ ва технологии Арабистони Саудӣ аз як ҷониб ва захираҳои бузурги табиию меҳнатии Тоҷикистон аз ҷониби дигар мо имкон дорем, ки дар ин самтҳо ҳамкории дарозмуддату судманди байни кишварҳоямонро ба роҳ монем. Алалхусус, барои тавсеаи чунин ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва об, нақлиёт, ҳамчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук шароити мусоиди судовар мавҷуд аст: “Ба ин маъно, мо иштироки ҷониби Саудиро дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикию обии дорои аҳамияти минтақавӣ аз қабили сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, нерӯгоҳҳои обии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, инчунин коркарду истихроҷи маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо истиқбол менамоем”.