Бонкдори №1: Тасмими ниҳоӣ дар бораи 1000-сомониро Президент мегирад
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои омӯзиши нашри пули 1000-сомонӣ гуруҳи махсуси корӣ ташкил шудааст.
Нурмуҳаммадзода имрӯз, 23-юми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, барои омӯзиши нашри купюраи 1000-сомонӣ бо акси Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуруҳи корӣ фаъолият дорад. Ӯ таъкид намуд, ки салоҳияти гирифтани тасмими ниҳоӣ дар бораи нашри пули 1000-сомониро ҳукумат дорад: “Гуруҳи корӣ меомӯзад ва ба ҳукумат пешниҳод мекунад”.
Раиси Бонки миллӣ таъкид намуд, ки агар раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нашри пули 1000-сомонӣ ҷонибдорӣ кунад, онро амалӣ хоҳанд кард. Нурмуҳаммадзода гуфт, пешниҳоди чопи пули 1000-сомонӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва шахсони алоҳида ироа шудааст.
Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ дар ҳоли ҳозир пуле, ки дар гардиш аст барои қонеъ намудани талабот кофӣ мебошад.
Қаблан бархе аз мақомдорони маҳаллӣ ва шахсони алоҳида пешниҳод намуданд, ки дар Тоҷикистон пули 1000-сомонӣ бо акси Эмомалӣ Раҳмон ва Қасри Арбоб чоп карда шавад.