Ҳалокати як муҳоҷирзани тоҷик зери қатор дар Русия
Як зани 46-сола аз Тоҷикистон зери чархи қатори мусофиркаши хатсайри “Саратов-Маскав” ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ҳодиса дар назди истгоҳи “Нижние Котли”-и Повелетская замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки зан мехост ҳамроҳи духтараш роҳи оҳанро убур кунад. Ба иттилои манбаъ, онҳо қасд доштаанд, роҳро аз ҷойи номуносиб бигзаранд ва ба “сигнал”-и ронанда аҳамият надодаанд. Расонаҳо мегӯянд, духтари ин зан осеб надидааст.