Нашри асноди махфии “ЦРУ” дар бораи Тоҷикистон: Аз "лимит"-и барқ то видеои Очилов
Идораи марказии ҷосусии Амрико (ЦРУ) рӯзи 18 январ 12 миллион саҳифа аз бойгониашро нашр кардаст, ки беш аз 200 санади он дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи вазъи ин кишвар дар остонаи ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 90 ҳикоят мекунад.
Дар ин бора сомонаи тоҷикии “akhbor.com” бо такя ба сомонаи “ЦРУ”-www.cia.gov хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ санадҳои нашркардаи ЦРУ марбут ба фаъолиятҳои Идораи марказии ҷосусии Амрико аз солҳои 40 то 90-уми асри 20 дар саросари ҷаҳон буда, як бахши аъзамаш пиромуни кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла дар бораи Тоҷикистон аст.
Бахши ҷустуҷӯи китобхонаи ЦРУ беш аз 200 санади марбут ба Тоҷикистонро, ки ба нашрашон иҷозат дода шудааст, дар ихтиёри алоқамандони донистани ҷузъиёти фаъолиятҳои ин идора мегузорад.
САНАДҲОИ МАРБУТ БА ТОҶИКИСТОН
Санадҳои нашршуда аснодеанд, ки бо гузашти замон аҳамияти сирриашон аз байн рафтааст ва асноди ҷиддии ЦРУ , ки то ҳол аҳамияти худро ҳифз кардаанд, ҳамчунон сарбамӯҳр боқӣ мемонанд. Дар санадҳои нашршуда ҳам он қисматҳое, ки чунин маълумоти сиррӣ доранд, бо ранги сиёҳ пӯшонда шудаанд.
Аммо аз байни санадҳои марбут ба Тоҷикистон чанд санади ҷолиб низ ҳаст. Аз ҷумла дар яке аз санадҳо аз 2 январи соли 1992 бо номи "Муқовимати мухолифин, нуфузи Эрон дар Тоҷикистон” гуфта мешавад, ки ҳудуди 7000 нафар дар Душанбе бо талаби қонуни нави интихобот ва хусусӣ гардондани замину корхонаҳо тазоҳурот кардаанд.
Муовини вазири хориҷаи Эрон Маликӣ, бино ба ин санад, гуфтааст, ки "Эрон мехоҳад байни Теҳрону Душанбе иртиботи ҳавоӣ ва роҳи оҳанро бунёд карда, байни корхонаҳои нафту саноати сабуки ду кишвар ҳамкориҳоро ба роҳ монад ва барои гузариши Тоҷикистон аз ҳуруфи кирилӣ ба ҳуруфи форсӣ китобҳо чоп кунад. Матбуоти Эрон дирӯз хабар дод, ки Президенти Тоҷикистон Набиев ба зудӣ мехоҳад ба Эрон сафар кунад.”
Муаллиф дар шарҳи ин ду хабар навиштааст, бо эҳёи фаъолияти ҳизби коммунист ва қасди президент Раҳмон Набиев барои касби салоҳияти бештар режими ҳоким дар Тоҷикистон то рафт бештар ба сӯи низоми худкома меравад ва ин "зоҳиран мухолифатҳоеро, ки дар тирамоҳи гузашта ҳукуматро фалаҷ кард, шадидтар мекунад.” Ҳамчунин, ба ақидаи муаллиф, "шонси бузугтарини Эрон барои пайдо кардани ҷои по дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст ва ин шонс дар сурати ба алифбои форсӣ гузаштани тоҷикҳо, ки бо забони ғайритуркиашон аз дигар кишварҳои мусулмонии минтақа ҷудо мондаанд, боз ҳам бештар мешавад. Дар айни замон, тоҷикони суннӣ аз бунёдгароии Эрони шиъа эҳтиёт мекунанд.”
Як санади ЦРУ аз соли 1950 вазъи иқтисодии Тоҷикистон дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Миёнаро ба таҳлил кашидааст. Бино ба ин гузориш, дар ибтидои солҳои 50-ум манотиқи деҳоти Тоҷикистон ҳамагӣ аз 35 то 49 фоиз бо нирӯи барқ таъмин буда, нирӯи барқро асосан барои равшан кардани хонаҳо истифода мебаранд ва қудрати ҷумҳурӣ барои истифодаи барқ дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла барои фаъолияти корхонаҳо намерасад.
Гузориши дигари ЦРУ аз соли 1988 мегӯяд, ки аз моҳи январи соли 1987 то июли соли 1988 дар Тоҷикистон се гирдиҳамоии эътирозӣ ба зидди ҳукумати коммунистӣ доир шудааст. Дар айни давра дар Узбекистон 20 тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шудааст. Се ҷумҳурии дигари Осиёи Марказӣ, бино ба ин гузориш, ором будаанд.
Дар як ҳуҷҷати дигари ЦРУ сухан дар бораи видеои Очилов ном нафаре меравад, ки дар маҷлис ба сари мардум мушт бардоштани як занро, ки раиси колхоз будааст, ба навор гирифтааст. Видеои дигари Очилов аз августи соли 1983 аз мавсими пахтачинӣ дар як колхози Тоҷикистон будааст.
Дар гузориши солонаи амниятии ЦРУ аз соли 1990 гуфта мешавад, ки додгоҳи Тоҷикистон 21 нафарро дар робита ба ошӯбҳои моҳи феврал маҳкум ба зиндон кардааст. Танишҳои қавмии соли 1990 дар Тоҷикистон ва миллатгароӣ, бино ба ин гузориш, "мутахассисони ботаҷриба ва таҳсилдидаи ғайритоҷикро маҷбур мекунад, ки ба кӯчидан аз инҷо идома диҳанд ва ин барои иқтисоди ҷумҳурӣ мушкилот эҷод кардааст.”
Дар чанд санади дигар, ки аз солҳои 80 аст, ЦРУ бо такя ба маълумоти манобеш дар Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, иддаои мақомоти СССР дар бораи гӯё аз Афғонистон баровардани нирӯҳои артиши Шӯравиро рад мекунад.
Аммо бештари санадҳое, ки ЦРУ дар бораи Тоҷикистон нашр кардааст, хулосаи рисолаҳои илмии нашршуда дар бораи масоили мухталифи ин кишвар – сар карда аз навъҳои шабпаракҳо ва анвои дигари ҷонварҳо то захираҳои табиӣ ва роҳҳои Тоҷикистон аст.