Вазир дар бораи наомадани ситораҳои ҷаҳонӣ ба Душанбе: Монеае нагузоштаем
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, барои сафари сарояндаҳои машҳури хориҷӣ ба Душанбе мақомоти тоҷик ҳеч монеа эҷод накардаанд.
Ӯ дар шарҳи кам шудани сафари ситораҳои машҳури хориҷӣ ба Душанбе гуфт, шояд манфиат камтар шуда бошад: “Буҳрони молиявӣ дар тамоми дунё ҳаст, худи сарояндаҳо ба қавле харҷи худро ҳисоб карда, барои худ манфиатовар намедонанд”.
Вазири фарҳанг афзуд, даъвати ҳунармандон аз минтақаҳои дигар тариқи созмону ширкатҳои алоҳида анҷом дода мешавад: “Барои бастани қарордод бо онҳо маблағи зиёд лозим аст. Вазорат ва муассисаҳои давлатии мо ин қадар иқтидор надоранд, ки дар асоси қарордод онҳоро даъват кунанд”.
Ҳунарнамоии сарояндаҳои машҳури хориҷӣ, ки солҳои қаблӣ дар Кохи борбади шаҳри Душанбе, толори тобеи дастгоҳи раисиҷумҳур зиёд баргузор мегардид, вақтҳои охир қариб, ки қатъ шудааст. Қаблан яке аз сабабҳои кам шудани консертҳои ситораҳои хориҷӣ дар Кохи Борбад ба маротиб боло рафтани ҳаққи иҷораи ин толор арзёбӣ шуда буд, ки калонтарин дар Тоҷикистон мебошад.