Душанбе: Кордзании ҷавонон боз куштаю маҷруҳ барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кордзании нави ҷавонон дар Душанбе хабар дод, ки як куштаю як маҷруҳ барҷой гузошт.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ имрӯз, 23-юми январ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар лаҳзаҳои аввали баъди содиршавии ҷиноят муттаҳам сокини 25-солаи Душанбе дастгир гардид, ки қаблан барои дуздӣ маҳкум шуда буд: “Гумонбаршуда, ҳамроҳи шарикаш марди 26-солаи сокини дигари пойтахт дар кӯчаи Р.Карими ноҳияи Фирдавсӣ бо мардони 24 ва 28-сола, сокинони Душанбе муноқиша ва ҷанҷол намудаанд. Зимни муноқиша, марди 25-сола бо корд як бор ба қафаси синаи марди 28-сола ва як маротиба ба қисмати пойи марди 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст”.
Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ марди 28-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, марди 24-сола дар беморхона бистарӣ гардидааст: “Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад”.
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон дар пайи муноқишаи ҷавонон дар Душанбе ду нафар аз зарби корд ҷон дода буданд.