Давлатов: Р.Эмомалӣ аз лидерони сиёсӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад
Дар пасманзари таъини Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми шаҳрдори Душанбе “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки ин таъинотро чӣ гуна пазируфтед, чиро аз раиси нав интизоред ва барои беҳбуди кори ӯ чӣ маслиҳат медиҳед?
Ахмадхуҷа Давлатов, фаъоли иҷтимоӣ
Ман дар мавриди шарҳи ҳоли Рустам ва бархӯрди сиёсӣ ва ахлоқии ӯ бо зердастонаш хеле маълумотро шунидаам, дидаам ва дар матолиби гуногун хондаам. Воқеан Рустам яке аз ҷавонтарин сиёсатмадор ва коршиноси асри 21 мебошад. Ба андешаи ман ин шахсият на танҳо як сиёсатмадори ҷавон дар Тоҷикистон, балки яке аз лидерони сиёсии ҷавон дар ҷаҳон шинохта мешавад.
Чизи дигар дар мавриди мансабдорони ҷавон инро гуфтанӣ ҳастам, ки дар кишварҳои пешрафта зиёд дида мешавад, ки ҷавонон дар синни 24, 27-солагӣ соҳиби мансабҳои баланди ҳукумат мешаванд, масалан дар Шведсия Аида Ҳазиалике ҷавонтарин вазири маорифи ин кишвар буд, ки 27 сол дошт.
Омадани Рустами Эмомалиро ба мақоми раиси шаҳри Душанбе, ман ҳаққи ҳалоли ҳам қонунӣ ва ҳам виҷдонии худи Рустам медонам. Бовар дорам , ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз таълимоти мактаби сиёсии собиқ раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев бо равиши замонавӣ истифода мебарад. Дар кутоҳтарин муддат мо шоҳиди сифати болои кори Рустам хоҳем шуд. Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки шояд нафароне фикр кунанд, ки ман ба хотири писари Президент будани Рустам ин баҳоро додаам. Аммо Худо шоҳид аст, ки ҳарчи ҳаст, воқеан аз рӯйи худи сифати роҳбарии Рустам аст.
Алим Шерзамонов, роҳбари ҲСДТ дар ВМКБ
Ин кор, як амалкарди ғайримунтазир набуд. Манзурам, на боло бурдани тадриҷии Рустами Эмомалӣ то мақоми ноиби президент, балки барканории Убайдуллоев аз симат мебошад. Зеро ба назари ман ҳар неруи сиёсии пурнуфузе аз ин ба баъд ҳаққи мавҷудият надорад. Баъд аз қазияи ҲНИТ ва Бузургмеҳр Ёрову дигарон, акнун ин пиндор мантиқитар менамояд. Аз нигоҳи банда ин охирин тағйироти пурҳангома нахоҳад буд ва дар чанд моҳи наздик шоҳиди дигар истеъфоҳо низ мешавем.
Фирӯз Баротов, мушовир дар умури расонаҳо
Вақте баъд аз чанд сол тағйироте ба вуҷуд меояд ва он тағйирот дар муқоиса бад нест, онро хуш мепазирам. Ҳарчанд дидгоҳи ман ба раис будани Маҳмадсаид Убайдуллоев низ манфӣ набуд. Ман намехоҳам, ки ба ин вазифа бояд таъин шудан ё нашуданашро мавриди таҳлил қарор диҳам, балки барои ман муҳим аст, ки нафари таъиншуда барои беҳбудии марудм чӣ кореро анҷом медиҳад?
Аммо аз ин тағйирот чун аксари сокинони пойтахт, нафаре, ки инҷо таваллуд шудаву ба воя расидаам, умеду бовариҳои зиёд дорам. Умедвории ман ин аст, ки Рустами Эмомалӣ барои ҳифзи биноҳои таърихӣ дар пойтахт ва бунёди Дуашнбеи нав дар ҳудуди навоҳии атроф ташаббус хоҳад кард.
Баъдан низоми густардаи фасодро дар мактабу боғча решакан намуда, барои ҳамаи кӯдакони қишрҳои гуногун имконоти гирифтани таҳсили босифатро фароҳам меорад. Умедворам, ки нақлиёти мусофиркаш билахира ба танзим медарояд ва нархи онҳо ва ҷойҳои нишасти онҳо муайян мегардад. Зеро онҳое, ки аз нақлиёти мусофирбар истифода мекунанд, азоби худро нағз медонанд.
Ҳамчунин мехоҳам, ки хатҳои нерӯйи ҳавоии барқ дар кӯчаҳои Душанбе бехатар гардонида шаванд ва имконияти дуздида шудану ба саломатӣ хавфнок буданро ҳам аз байн барад. Умедворам, ки биноҳои ЖУ- мувофиқ ба ӯҳдадориҳои худ, ки маблағи сокинонро мегиранд ба мардум хизмат мерасонанд. Биноҳои замони шуравӣ интизори фурӯ рехтан нашуда, балки тармиму таҷдид мешаванд ва ба ҳусни шаҳр зебоӣ зам мекунанд.
Интизорӣ дорам, ки дар шаҳр ҳамаи онҳое, ки бо мардум дар робита ҳастанд милиса, кормандони дигари ҳифзи ҳуқуқ, духтур, кормандони андоз, омӯзгорон аз маданияти баланди муошират бархӯрдор мешаванд. Бисёр муҳим мешуморам, ки сомонаи бемиёнаравҳо кори худро ҷоннок намояд ва Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мардуми пойтхт дар тамоси доимӣ бошад ва роҳҳои вайронаву валангорро, ки бесифат таъмир мекунанд.
Меҳр Собириён, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳо
Бо вуҷуди баъзе пешравиҳо дар замони раҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Душанбе то ҳануз камбудиҳо зиёданд. Тағйироти кадрӣ дар шаҳр лозим буд ва новобаста аз он, ки кӣ меояд, бояд раҳбарият нав мешуд. Чунки раҳбарияти гузашта потенсиали худро амалӣ карда буд ва бояд қувваҳои нав масъулиятро ба дасти худ мегирифтанд. Омадани Рустами Эмомалӣ, албатта ҷанбаҳои мусбати худро дорад. Омадани қувваи нав ва нисбатан ҷавон имкониятҳои бештар барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар пойтахтро дорад. Умедворем дар ояндаи наздик шоҳиди беҳбудиҳои назаррас дар шаҳри Душанбе хоҳем шуд.
Соҳибёр Толиб, муҳаррири идораи таҳлилии Радиои Тоҷикистон
Мебинам, ҷомеаи мо ҳанӯз ба роҳбаре ниёз дорад, ки гапаш ба ҳама гузарад. Ин дар мо хусусияти миллӣ буду монд, бахусус дар Душанбе, ки ин ҷо аз ҳама бештар нуфуз корро буд мекунад. Рустам сиёсатмадори ҷавон ва аз хонаводаи шахсияти бонуфуз аст. Душанбе ба раёсати ҷавоне ниёз дошт, ки ритми зиндагиро дар фазои пойтахт дигар ва бахусус кайфияти қишри ҷавонро болида гардонад. Рустам то имрӯз дар майдонҳои варзиш симпатияи худро ба бахше аз ниёзҳои ҷавонон ифода намуд ва таъсир ҳам гузошт, дар мақомҳои дигараш бештар бо хизматчиёни давлатӣ ва ҳуқуқшиносон кор кард, вале акнун имтиҳони давлатии ӯ сар шуд. Зеро раиси шаҳр рӯ ба рӯ бо мардум кор мекунад. Душвортарин кори ӯ дар ин мақом тағйир додани характери шаҳр аст. Дар хизматрасониҳои пойтахти Тоҷикистон муносибати маданӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Як бор ба мизи шиносномадиҳӣ раведу “бардак”-ро бубинед, ҳама кӯшиш мекунанд, шиносе ёфта, навбатро дузданд. Навбат истодан дар ҷомеаи мутамаддин як қоидаи оддӣ аст, ки аққалан ҳамин фарҳангро надорем. Ин хеле дардовар. Дар эҳтироми ҳамдигар моро як одами зӯр бояд маҷбур кунад. Феълан мо ба ҳамин хел муносибат сазоворем. Қоидаҳои ҷамъиятӣ дар Душанбе кам ва аксар маврид маҷбуран риоя мешавад, на аз ҷиҳати фарҳанги шаҳрнишинӣ. Хусусияти ҷомеаи кишвар бештар аз пойтахт таъсир мепазирад ва марказ бояд омӯзанда бошад. Рустам то имрӯз дар публика камнамо ва аз худ эҳтиёткорӣ нишон додааст. Ин аз як тараф фарҳанги сиёсӣ аст, умедворем, ки ӯ аввал ба фарҳанги шаҳрнишинии сокинони Душанбе таъсир гузорад. Муваффақият мехоҳам.