Эълони фасодзадатарин ниҳодҳо дар Хатлон
Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хатлон фасодкортарин ниҳодҳои вилоятро дар соли 2016 номбар карданд.
Солеҳ Носирзода, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон гуфт, соли 2016 дар бонкҳо 124 ҳолати фасодкорӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар мавриди фасодкорӣ дар ниҳодҳои дигар раёсати Оҷонсӣ илова намуд, ки тайи соли 2016 дар мақомоти ҳокимият 59 ҳолати фасодкорӣ, вазорати адлия-11 ҳолат, вазорати корҳои дохилӣ- 16 ҳолат, вазорати мудофиа-4 ҳолат, сарраёсати қушунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти миллӣ - 8 ҳолат, вазорати маориф- 38 ҳолат ва вазорати тандурустӣ - 17 ҳолат, кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ - 19 ҳолат ва хадамоти гумрук як ҳолати фасодкорӣ ошкор шудааст.