Раҳимзода: Милиса, ки фарбеҳ шуд, кораш суст мешавад
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон назорати вазни милисаҳоро дар кишвар тасдиқ кард.
Раҳимзода имрӯз, 20-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар назди раёсати тандурустии Вазорат комиссия амал мекунад: “Дар вазорат бояд қаду вазни кормандон аз рӯи талабот бошад”.
Вазири умури дохилӣ таъкид кард, ки вақте милиса фарбеҳ мешавад, кораш суст мегардад ва ин назорат карда мешавад: “Дар мавриди фарбеҳӣ ҷадвали байналмилалӣ аст ва ин талабот хоси Тоҷикистон набуда, дар дигар кишварҳо низ ҳаст”.