(ВИДЕО) Вазири фарҳанг: Раҳбари “Нигоҳ”-ро огоҳ карда будем
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, нашрияи “Нигоҳ” хилофи якпорчагии кишвар ва арҷгузорӣ ба бузургии инсону шахсиятҳои алоҳида матолиб чоп мекард.
Ҷаноби Орумбекзода имрӯз, 20 январ дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли “Озодагон” дар мавриди далелҳои басташавии нашрияи маъруфи “Нигоҳ” гуфт, онҳо қаблан нисбати баъзе мақолаҳое, ки хилофи ягонагию якпорчагии кишвар ва арҷу эҳтиром нисбат ба бузургии инсону шахсиятҳои алоҳидаи ин нашрия эрод гирифта буданд. Ба гуфтаи вазир роҳбарияти ҳафтанома камбудиҳоро эътироф ва изҳор доштааст, ки минбаъд такрор намешавад: “Вале дар асл корҳои қаблиро идома доданд”.
Шамсиддин Орумбекзода дар идома ба банди баҳсбарангези тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” дахл кард, ки бар асоси он Вазорати фарҳанг метавонист дар асоси пешниҳоди додситонӣ фаъолияти расонаҳоро то се моҳ мутаваққиф кунад. 3 феврали соли 2016 Маҷлиси намояндагон ин меъёрро барои номукамал буданаш бозпас гардонид ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон он замон дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, “он меъёрро, ки прокуратура метавонад мавод омода кунад, онро мақомоти баҳисобгиранда пешниҳод намояд ва Вазорати фарҳанг то се моҳ метавонад фаъолияти расонаро мутаваққиф кунад, мо инро қабул накардем”. Аммо вазири фарҳанг дар нишасти имрӯз гуфт, нияти онҳо аз пешниҳоди ин меъёр нек буд ва мехостанд, пеш аз баррасӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияти рӯзнома ва маҷаллаҳоро баррасӣ кунанд, то пеши роҳи басташавии онҳо гирифта шавад: “Вале муҳтарам рӯзноманигорон зидди мо баромада, инро аз ваколати мо берун карданд. Бинобар ин бастани рӯзнома дар доираи ваколати Вазорати фарҳанг нест. Худи роҳбарияти ҳам "Нигоҳ" ҳам “TojNews” расман дар тамоми расонаҳо иттилоъ доданд, ки бо баъзе мушкилоти молиявӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд”.
Аз ин пештар масъулини мақомоти тоҷик далели басташавии ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “TojNews”-ро молӣ гуфтанд Аз ҷумла Саида Искандарова, намояндаи Тоҷикистон дар САҲА зимни баҳси фаъолияти расонаҳо дар Вена дар посух ба интиқодҳои Даниел Кислов, мудири хабаргузории "Фергена.ру" гуфт, ки сабаби қатъи ин ду расона молӣ аст. Кислов зимни арзёбии мушкилоти расонаҳои минтақа ҳамчунин аз қатъи фаъолияти "Нигоҳ" ва “TojNews” ёдрас шуд ва гуфт, дастандаркорони ин расонаҳо омили аслии қатъ кардани фаъолияти худро “мавҷуд набудани шароити лозим барои фаъолияти расонаҳо ва журналистика" номиданд. Дар ин робита Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил зимни конфронс гуфт, Прокуратураи генералӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои бастани ин ду расона аризаи даъвогӣ ирсол карда буд.
Аввалин шумораи "Нигоҳ" моҳи декабри соли 2006 ба дасти чоп расид ва он яке аз нашрияҳои маъруфи Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “TojNews” моҳи ноябри соли гузашта фаъолияташонро қатъ карданд. Ҳайати эҷодии оҷонсии итилоотии TojNews дар паёми хайрбодияш гуфт, “ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Мо интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид. Сабабаш ҳам маълум: дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд намебошад. Умедворем ин вазъ абадӣ нахоҳад монд”.
Ҳайати эҷодии хабаргузорӣ эълон карда буд, ки тибқи қарори созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз ин ба баъд бойгонии Ожонси иттилоотии TojNews моли миллат маҳсуб шуда, истифодаи маводи ҳамаи бахшҳои он, минҷумла тарҳҳои хоса бидуни риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ муҷоз аст.
"TojNews" моҳи сентябри соли 2009 ба фаъолият оғоз карда, 14-уми ноябри соли 2016 аз қатъи фаъолияташ хабар дод.