Вазир: Муҳоҷирати тоҷикон каму бозгашт ба Ватан зиёд шуд
Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар соли 2016 муҳоҷирати тоҷикон ба хориҷ коҳиш ва бозгашташон ба Ватан афзоиш ёфтааст.
Тағозода 19 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли 2016 аз ҷумҳурӣ 517 ҳазор 308 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ рафтанд: “Аз ин 435 ҳазору 457 мард ва 81 ҳазору 851 зан мебошанд. 504 ҳазору 935 муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия ва 12 ҳазору 373 нафар ба Қазоқистон сафар кардаанд”.
Дар мавриди бозгашти тоҷикон ба Ватан вазир иттилоъ дод, ки дар соли 2016 нисбат ба соли пешӣ 12 фисад зиёд шудааст: “Соли 2016 аз хориҷи кишвар 436 ҳазору 974 муҳоҷири меҳнатии тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин 353 ҳазору 504 мард ва 83 ҳазору 470 нафар зан мебошанд”.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ афзуд, зиёда аз 4 ҳазору 66 шаҳрванди Тоҷикистон, ки вурудашон ба Русия мамнуъ шудааст, дар Ватан бо ҷои кор таъмин гардидаанд: “Дар соли 2016 наздики 13 ҳазор шаҳрвандро дар ҳудуди Русия асосан дар соҳаи сохтумон бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудаанд.
Дар бораи тоҷиконе,ки дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия нигоҳдорӣ мешаванд, Тағозода гуфт, айни ҳол теъдодашон 350 нафар буда, 123 нафар бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва 127 нафар бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, интизори равон кардан ба Ватан мебошанд: “Кормандони Намояндагии вазорат ба марказҳои муввақатӣ рафта, аз аҳволи шаҳрвандони тоҷик бохабар мешаванд. Барои муайян кардани шахсияти боздоштшудаҳо консулҳои ВКХ ва Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо ВКД ин масъаларо баррасӣ намуда, барои зудтар баргардонидани шаҳрвандони тоҷик талош мекунанд”.