Интиқоли 271 тобути муҳоҷир ба Хатлон: Худкушӣ, куштор, садама ва...
Мақомоти муҳоҷирати Хатлон мегӯянд, тайи соли 2016 ба ин вилоят тобути 271 муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия оварда шуд. Дар ин бора Маҳмудҷон Хоркашов, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон зимни нишасти матбуоть иттилоъ дод.
Хоркашов гуфт, аз миёни ин 271 муҳоҷири меҳнатии марҳум 14 нафарашон кушта шудаанд: “Дар ин миён ҷавононе буданд, ки худкушӣ карданд ва 36 нафари онҳо дар садамаҳо ҷон доданд”.
Ӯ афзуд, 57 муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия аз беморӣ ҷон додаанд ва 3 нафари дигар дар об ғарқ шуданд.
Хатлон зиёда аз 3 миллион аҳолӣ дошта, 242 ҳазору 508 муҳоҷири меҳнатӣ аз ин вилоят дар Русия ва дигар кишварҳои ИДМ кор мекунанд.