Зан навзодашро 2500 сомонӣ нарх кардааст...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 29-солаи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми хариду фурӯши ноболиғ хабар дод.
Ин ниҳод дар торнамои расмиаш навиштааст, ин зан 11 январ тифли навзодашро ба зани 39-солаи сокини дигари шаҳри Душанбе ба маблағи 2 ҳазору 500 сомонӣ фурӯхтааст. Ба иттилои манбаъ, нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Тайи ду ҳафтаи охир ин дуввумин ҳолати ошкор шудани хариду фуруши кӯдак мебошад. ВКД 7 январ як зани 32-солаи пойтахтро боздошт кард, ки духтарчаи навзодашро дар яке аз таваллудхонаҳои Душанбе ба сокини 44-солаи ноҳияи Восеъ ба малағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст.