Баррасии навсозии "Норак" ва КАСА-1000 аз сӯи Э.Раҳмон ва Мюллер
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18-уми январ бо Сирил Мюллер, ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибҳо аз ҷумла ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000, таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқии обии Норак ва дарёфти маблағҳои иловагӣ дар татбиқи лоиҳаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор додаанд: “Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории самарабахш дар татбиқи барномаю стратегияҳои рушди миллии Тоҷикистон ва мусоидат ба пешгирии шиддати бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд”.
Ҷонибҳо аз ҳамкории 23-солаи худ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намудаанд, ки айни ҳол лоиҳаҳои фаъоли Бонк ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор доранд: “Дар мавриди татбиқи босамари Стратегияи панҷсолаи ҳамкориҳои дуҷониба, ки пеш аз ҳама самтҳои рушди бахши хусусӣ, иҷтимоӣ ва тақвияти робитаҳои минтақавиро дар бар мегирад, амалисозии лоиҳаҳои пешгирӣ аз хавфи офатҳои табиӣ, барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ шуд”.