17 шикояти муштариён аз бонкҳо ба Додгоҳи иқтисодӣ
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир бонкҳои кишвар барои пардохт накардани қарзҳои худ аз ҷониби муштариён 521 аризаи шикоятӣ пешниҳод кардаанд.
Наим Мансурзода, раиси Суди олии иқтисодӣ имрӯз, 18 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, бештари аризаҳо аз ҷониби “Агроинвестбонк” ирсол шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин бонк алайҳи муштариёни худ 137 аризаи шикоятӣ навиштааст: “Бонки миллӣ 10 ариза, Амонатбонк 12, Ориёнбонк 6 ариза, Тоҷиксодиротобонк 28, Бонки рушди Тоҷикистон 12, Спитаментбонк 29, Эсхата 79 ва Тоҷпромбонк 5 ариза навиштаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, дар пайи баррасии ин шикоятҳо 530 миллиону 675 ҳазору 613 сомонӣ, 131 миллиону 789 ҳазору 173 доллар ва беш 18 миллион евро, ки дар маҷмӯъ беш аз 2 миллиарду 9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ба бонкҳо баргардонида шудааст. Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби муштариёне, ки сари вақт натавонистаанд, маблағҳои худро аз бонкҳо бигиранд, 17 аризаи шикоятӣ нисбати бонкҳои кишвар ворид шудааст: “Масалан нисбати Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, Тоҷпромбонк ва чанд бонки дигар чунин аризаҳои шикоятӣ ворид шудааст”.
Ҷаноби Мансурзода афзуд, дар соли гузашта ҳолатҳое низ буд, ки муштариён хонаҳои худро ба гарав монда, аз бонкҳо қарз мегиранд ва дар пайи баргардонида натавонистани қарз манзил ба музояда гузошта мешавад: “Дар соли 2016, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе 58 парванда, Суди иқтисодии Хатлон 64, Суди иқтисодии Суғд 11 ва Суди иқтисодии Бадахшон 3 парвандаи марбут ба баҳси манзилҳои ба гаравгузоштаро баррасӣ намуданд”.