Ҳамчунин, бозии дигари мавқуфмондаи даври 39-уми мусобиқот рӯзи 3-юми декабр дар шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои “Хуҷанд”- “Энергетик” баргузор шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи дастаи «Энергетик» поён ёфт.
Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан” бо 89 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони тими «Равшан» ду бозии охиринашонро бо дастаи “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод. “Регар-ТадАЗ” бо 86 имтиёз дар мақоми дуюм аст ва чаҳор бозии дигар дорад. Футболбозони дастаи «Регар ТадАЗ» дар меҳмонӣ бо дастаҳои “Хуҷанд”, “Истиқлол”, “Энергетик” ва ССКА “Помир” бозӣ хоҳанд кард. Дастаи “Истиқлол”, ки бо 84 имтиёз дар ҷои саввум мебошад, ғайр аз ду бозӣ бо “Равшан”, бо дастаҳои ССКА “Помир”, “Гвардия” (2 бозӣ), “Шодмон”, “Энергетик” ва “Регар-ТадАЗ” дар Душанбе вориди рақобат мешавад.Чаҳор бозии мавқуфмондаи мусобиқот рӯзи 6-уми декабр миёни дастаҳои ССКА “Помир” - “Истиқлол”, “Хуҷанд”- “Регар ТадАЗ”, 7-уми декабр - “Парвоз”- “Энергетик” ва 9-уми декабр “Истиқлол”-”Гвардия”барпо мегарданд.