Идомаи тағйироти кадрӣ дар Душанбе: Назаров сардори шӯъбаи фарҳанг
Обид Назаров муовини собиқи вазири фарҳанги Тоҷикистон дар курсии сардори Шӯъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе такя мезанад.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, ӯ дар ин мақом Набӣ Ҷалоловро иваз кардааст. Аммо ҳоло дар бораи ин таъинот расман иттилоъ дода нашудааст.
Обид Назаров рӯзи 16 январ бо як қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон аз вазифаи муовини вазири фарҳанг барканор шуд. Дар ин қарор, ки дафтари матбуоти Президент нашр кард, далели аз вазифа озод кардани Назаров “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта мешуд.