Мақоми аввали шоҳмотбози тоҷик дар Ҳиндустон
Фаррух Амонатов, шатранҷбози шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Delhi International Open-2017”, бо дарёфти 8,5 имтиёз мақоми аввалро соҳиб гардид.
Гош Диптаян, намояндаи Ҳиндустон бо 8 имтиёз зинаи ду ва ва Марат Ҷумъаев, намояндаи Узбакистон бо 8 хол ҷойи сеюмро касб намудаанд.
“Delhi International Open-2017” аз 9 то 16 январ дар Ҳиндустон бо ҳузури 285 шоҳмотбоз аз 23 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Мусобиқа мувофиқи низоми швейтсарӣ дар 10 давр гузаронида шуда, шартранҷбози тоҷик 7 даврро бо ғалаба ва се даврро мусовӣ кардааст.