Каримзода бохти Душанбе аз Иттиҳоди гумрукиро ном бурд
Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҷанбаҳои манфии узвияти кишвар дар Иттиҳоди гумрукиро шарҳ дод.
Хуршед Каримзода имрӯз, 17-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” оид ба бурду бохти Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ гуфт, "пеш аз дохил шудан бояд донем, ки дар бозори ягонаи хизматрасониҳо дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ чӣ пешниҳод карда метавонем, масъалаи бурду бохт ҳаматарафа омӯхта шавад. Иттиҳоди гумрукӣ як қатор меъёру қонун ва талаботи худро дорад ва яке ин воридоти мол ба бозори умумӣ дар асоси стандартҳои муаяйнкардаи он мебошад. Барои мисол, агар маҳсулоти кишоварзие, ки аслан мо мехоҳем содирот намоем, тибқи меъёрҳое, ки дар Иттиҳоди гумрукӣ муайян шудааст, ягон мошин маҳсулоти кишоварзии мо ба бозори он роҳ намеёбад, зеро бахши кишоварзии мо дар он сатҳи зарурие, ки лозим аст, омода нестанд. Мо то ҳол намедонем, ки аз аъзошавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ то кадом дараҷа ба фоидаи мо аст, ё зарари мо”.
Муовини сардори Хадамоти гумрук гуфт, дар сурати узвият ба ин Иттиҳод минбаъд бояд санаду меъёрҳои онро иҷро кунанд ва маҷбуранд тамоми молҳое, ки дар он давлатҳо истеҳсол мешавад, ба бозори Тоҷикистон бе ягон монеа роҳ диҳанд. Ӯ афзуд, дар сурати сарозер шудани мол аз кишварҳои дигари Иттиҳоди гумрукӣ маҳсулоти ватанӣ наметавонад бо он рақобат кунад: “Агар ҳамин маҳсулоти кишоварзиро гирем, сӯзишворию нуриҳои менералие, ки аз дигар ҷо оварда хоҷагии қишлоқамонро ба роҳ мемонем, арзиши аслии маҳсулоти дар мо истеҳсолшуда нисбати дигар ҷумҳуриҳое, ки захираҳои энергетикию нуриҳои менералӣ доранд, қиматтар мешавад. Албатта мо наметавонем, ки рақобати солимро дар бозори умумӣ таъмин кунем. Он меъёрҳое, ки аз тарафи Иттиҳоди гумрукӣ муайян шудаанд, мо ба ҳамон меъёрҳо маҳсулоти ҷавобгӯй пешниҳод карда наметавонем”.
Хуршед Каримзода таъкид намуд, ки ҳоло масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳоли омӯзиш аст ва дар ин самт таҷрибаи дигар кишварҳои аъзои ин иттиҳод ба назар гирифта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки арзонии молу маҳсулот, интиқоли бемонеаи пул ва сабукӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз паҳлӯҳои мусбати узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукӣ арзёбӣ мешаванд.