Раиси обуҳавошиносон: Феврал хунук меояд
Ҳомидҷон Расулзода, директори Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз сардшавии ҳаво дар кишвар ҳушдор дод.
Расулзода имрӯз, 17-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, моҳи феврал нисбати соли гузашта аз 2 то 4 дараҷа хунуктар хоҳад омад. Ӯ афзуд 11 рӯзи моҳи феврал боришот дар назар аст.
Раиси Оҷонсии обуҳавошиносӣ инчунин ҳушдор дод, ки 23-юми январ дар кишвар барфу борони шадид дар назар аст.
Ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор дод, ки аз 17 то 25-уми январ кишварро боду ҳавои хатарнок фаро хоҳад гирифт: “Резиши барфи тар дар назар буда, ҳаво якбора сард мешавад. Хатари кандашавии хати алоқа ва интиқоли неруи барқ, расидани зарар ба аҳолӣ, ҳамчунин афзоиш ёфтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ ба миён меояд”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон хостааст, то ҳадди имкон аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва дар кӯчаю хиёбонҳо аз эҳтиёт кор бигиранд. Ин ниҳод аз мардум даъват намуд, ки ба хатҳои интиқоли барқу алоқа диққат диҳанд, зери боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистанд ва кӯдаконро эҳтиёт кунанд.