Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Челябинск дигар ҳаққи рондани автобусу таксӣ надоранд
Мақомоти вилояти Челябински Русия ширкатҳои нақлиётиро ҳушдор додаанд, шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, ба кор нагиранд.
Торнамои “Мигрант.Фергана” менависад, Борис Дубровский, губернатори вилоят зери қароре имзо гузоштааст, ки фаъолияти шаҳрвандони хориҷиро дар мусофиркаш ва таксиҳои дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ манъ мекунад.
Моҳи августи соли 2016 Владимир Городетский, губернатори вилояти Новосибирск ҳам қароре тасвиб карда буд, ки муҳоҷирони меҳнатиро аз ҳаққи кор дар бархе бахшҳо маҳрум кард. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, бо қарори Горедский кор дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон, боғча, мактабҳо, соҳаи хӯроки кӯдакон ва истеҳсоли ғизоҳои кӯдаконаву маҳсулоти парҳезӣ барои муҳоҷирон мамнӯъ шудааст. Интерфакс менависад, ҳамчунин бар асоси ин қарор барои хориҷиён кор дар нақлиёти мусофиркашонӣ – таксиву автобус ва дигар навъи нақлиёти мусофиркашон иҷозат дода намешавад. Бар илова муҳоҷирон дигар наметавонанд ба ҳайси котиб, муҳаррир, тарҷумон, муҳосиб ва корманди соҳаи молия кор кунанд.