Тафтишот алайҳи сарвазир барои парвоз бо чархболи Оқохони IV
Комиссияи Канада оид ба этика нисбати сарвазир Ҷастин Трюдо барои парвоз бо чархболии шахсии Оқохони IV ба ҷазираҳои Боҳомо тафтишот оғоз кардааст.
Тавре “National Post” навиштааст, раиси ҳукумати Канада дар нақзи меъёрҳои этикии ин кишвар муттаҳам мешавад: “Трюдо изҳор доштааст, ки воқеан моҳи декабр бо чархболи Оқохони IV парвоз доштааст, аммо хароҷоти онро аз кисаи худ пардохт намудааст”.
Тафтишот аз ҷониби Мери Доусон, комиссар оид ба этика оғоз шудааст ва ба гуфтаи ӯ парвози сарвазир бо чархболи шахсӣ хилофи меъёрҳои этикист.
Сарвазири Канада дар шарҳи парвоз изҳор доштааст, ки бо Оқохони IV дӯстии хонаводагӣ доранд ва хароҷоти парвозро сарвазир аз ҳисоби худаш пардохт намудааст.
Тибқи меъёрҳои қабулшуда дар Канада мансабдорон, аз ҷумла вазирон ва котибони парлумонӣ наметавонанд аз ҳисоби шахси дигар сафар анҷом диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки Оқохони IV, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон, як чархболи муосири муҷаҳҳази дигарро дар Тоҷикистон нигоҳдорӣ мекунад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ мардуму мақомот ва ниҳодҳои Оқохон аз он истифода мекунанд. Қаблан масъулини ҳавопаймоии Тоҷикистон аз ин чархбол тавсиф намуданд, ки дар шароити номусоидии боду ҳаво ва минтақаи куҳӣ имкони парвоз дорад.
Оқохони IV, ки гуруҳе аз пайравонаш дар Тоҷикистон низ иқомат доранд, аз шахсиятҳои маъруфи Канада мебошад. Чанд моҳи қабл пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар Канада ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон”-и Адриенна Кларксонро дар соли 2016 соҳиб шуда буд.