Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аснои боздид меҳмонон бо аъзоёни гурӯҳи кории шаҳрӣ мулоқот намуда, оид ба таҳияи «Барномаи рушди шаҳри Панҷакент барои солҳои 2011 - 2015» табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, сафирони ин ду кишвари хориҷӣ бо лоиҳаҳои сафорати Амрико оид ба нигаҳдории ёдгориҳо, БРСММ дар Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Одил Темур» ва аз фаъолияти ҶММ «СимоТВ» шинос гардида, аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, мамнӯъгоҳи Саразм, мақбараи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд боздид намуданд. Дар поёни сафар мулоқоти дипломатҳо бо райиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров баргузор шуд.