Фармони Президент: Вазирон савгандро ёд ва имзо мекунанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармон тартиби савгандёдкунии аъзои ҳукуматро тасдиқ карда, Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи Президентро масъули ташкилу назорати маросим таъин намудааст.
Тибқи тартиби тасдиқкардаи Президент маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат дар Қасри миллат дар фазои тантанавӣ баргузор шуда, доираи иштирокдоронро дар ин маросим худи раисиҷумҳур муайян мекунад: “Варақаи савгандёдкунӣ бо зикри ному насаб ва вазифаи узви ҳукумат аз ҷониби дастгоҳи Президент пешниҳод мешавад ва узви ҳукумат дар толор, ки он ҷо парчами Тоҷикистону ливои Президент барафрохта шудааст, дастро болои Конститутсия монда дар рӯбарӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо овози баланд савганд ёд мекунад”.
Дар пайи савгандёдкунӣ узви ҳукумат варақаи онро имзо мекунад ва ин варақа дар парвандаи шахсияш дар дастгоҳи раисиҷумҳур ҳифз хоҳад шуд. Савганди аъзои ҳукумат хидмати содиқонаю софдилонаро барои пешбурди иқтисодию иҷтимоии давлат фаро мегирад.
Тасдиқи ин тартиб дар ҳолест, ки соли 2017, ки соли ҷавонон эълон шудааст, коршиносон аз раисиҷумҳур таъини кадрҳои ҷавонро дар ҳукумат интизоранд.