Ба Тоҷикистон бештар аз Амрико, Туркия ва Эрон молҳои ғайристандартӣ ворид шудааст
Оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, соли 2016 бештар аз Амрико, Туркия ва Эрон молҳои ғайристандартӣ вориди Тоҷикистон шудааст.
Ибодулло Қурбониён, раҳбари ин оҷонсӣ 13 январ дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, соли сипаришуда аз ИМА 1052 тонна, аз Туркия 590 тонна ва аз Эрон 491,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ворид шудааст: “Ҳамингуна маҳсулоти ғайристандартӣ аз Ҳиндустон (337 тонна), Малайзия (109) ва Хитой (269) ворид шудааст”.
Ба иттилои ӯ, давоми соли 2016 беш аз 6 008 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ аз муомилот боз дошта шудааст, ки аз ҷиҳати бехатарӣ ва тамғагузорӣ ба талабот ҷавобӯ набуда, қисме аз ин маҳсулот дубора барои коркард фиристода шудаву қисмати дигар нобуд карда шудааст.
Директори оҷонсии “Тоҷикстандарт” аз зиёд ворид шудани бозичаҳои хитоӣ тариқи қочоқ ҳам нигаронӣ кард, ки ба гуфтаи вай ба саломатии кӯдакон зарар доранд: “Дар давраи ҳисоботӣ 13 ҳазор дона бозичаҳои хитоӣ, ки ба саломатӣ зарар доштанд, аз муомилот гирифта шуд”.