Раиси Суди Олӣ: Парвандаи Ёров ва Зайд Саидов сиёсӣ нест (ВИДЕО)
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи соҳибкор Зайд Саидов ва адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, сиёсӣ нест.
Ӯ ин нуктаро имрӯз, 16-уми январ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки чаро дар мавриди парвандаҳои сиёсӣ ҳукми ҳабси тӯлонӣ татбиқ мешавад, баён дошт. Шоҳиён дар шарҳи иддаои созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ дар бораи парвандаҳои сиёсӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, “ин кори онҳост. Тоҷикистон кишвари мустақил ва Конститутсияи худро дорад. Мақомоти Тоҷикистон тамоми талошро барои ҳифзи ҳуқуқи инсон равона кардаанд”.
Шоҳиён таъкид намуд, ки парвандаи Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров сиёсӣ набуда, онҳо барои қаллобӣ ва дигар аъмоли хилофи қонун равонаи зиндон шудаанд.
Раиси Суди Олӣ дар мавриди Ёров адвокати маҳкумшуда ба 23 соли зиндон илова намуд, ки ӯ ба таҳқири раисикунандаи мурофиа роҳ додаст. Ба гуфтаи ӯ мурофиаи Ёров бо иттиҳоми таҳқири раисикунандаи мурофиа айни ҳол идома дошта, ҳукмаш ҳанӯз содир нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки 6 октябри соли гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро барои 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур намуд. Бо ҳукми додгоҳ амволи ӯ комилан мусодира шуда, худаш баъди раҳоӣ 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.
Ба иттилои наздикон Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии шикояти кассатсионии Ёровро то соли 2017 мутаваққиф кардааст.