Раҳимӣ: Тариқи ҷашнҳо ҳушдор медиҳем, ки мардуми кӯчӣ нестем
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улум дар посух ба суол, ки оё 5500-солагии Саразм ҷашн гирифта мешавад, гуфт, ки Академияи илмҳо мухолифи ҷашнгирии 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм дар шимоли Тоҷикистон нест, вале мо салоҳияти ҷашнгирӣ аз ин шаҳрро надорем, ин ваколати Ҳукумати Тоҷикистон аст.
Ин изҳороти президенти Академияи улум дар ҳолест, ки чанде пештар, дар порлумони кишвар Зикриё Акрамӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки минбаъд солгарди таърихи шаҳру навоҳӣ таҷлил нашавад.
Акрамӣ дар посух ба суоли вакил Абдуҳалим Ғаффоров, ки омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм дар чӣ ҳоланд, изҳор дошта, ки беҳтар аст аз таҷлили солгарди таърихи шаҳру навоҳии кишвар худдорӣ намоем. Ӯ шарҳ дод, ки таҷрибаи таҷлили 3000-солагии Ҳисор ва дигар маҳаллу навоҳӣ боиси нофаҳмиҳо миёни мардум шудаанд.
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дар шарҳи бештари ин мавзуъ ба “Озодагон” гуфта буд, таҷлили солгарди маҳалҳо ҳатто миёни зиёиён нофаҳмиҳо ба вуҷуд овардааст: “Имрӯзҳо ҳатто овоза шудааст, ки таҷлили 5-ҳазорсолагии Данғара дар назар аст. Беҳтар аст, ки аз ин гуна ҷашнҳо худдорӣ кунем”.
Аммо Фарҳод Раҳимӣ изҳороти порлумонии Зикриё Акрамиро назари шахсии ӯ унвон кард ва гуфт, ки нуқтаназари ӯ дар ҳеч сурат мавқеи Академияи улум нест. Ба назари президенти Академия ҷашнгирӣ аз шаҳрҳои қадимӣ танҳо бо ҳадафи куҳан нишон додани як шаҳр нисбат ба шаҳри дигаре нест:
“Ин як василаи нишон додани ин аст, ки тоҷикон аз оғози тамаддуни инсоният дар саргаҳи он қарор доштанд ва шаҳрдориву давлатдориву маданияти бисёр қадима доранд”.
Ба назари Фарҳод Раҳимӣ ин иқдом ҳамчунин як роҳи рӯнамоии Тоҷикистон низ метавонад бошад ва як навъ посух ба баъзе иддаои дур аз мантиқе низ ҳаст, ки аз давру бари мо садо медиҳанд. Мо бо ин роҳ метавонем бори дигар ҳушдор бидиҳем, ки мо мардуми бумии ин сарзамин ҳастем ва ба ин ҷо аз ҳеч куҷо наомадаем, яъне мардуми кӯчӣ нестем.
Ин гуна баҳсу пешниҳодот ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон ба таври густурда аз 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3- ҳазорсолагии Ҳисор ҷашн гирифта шуд.