Хайрулло Саидзода ҷои Рустами Эмомалиро мегирад?
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, Хайрулло Саидзодаи 56-сола раиси нави Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин мешавад.
Дар назар аст Хайрулло Саидзода, ки дар гузашта ба ҳайси додситони Суғд, муовини додситони кул ва сарпрокурори ҳарбӣ кор кардаасту аз соли 2015 то ҳол додситони шаҳри Душанбе буд, Рустами Эмомалиро дар мақоми раиси Оҷонсии зидди фасод иваз кунад. Расман мақомот то ҳол ин таъинотро тасдиқ накардаанд.
Рустами Эмомалӣ, директори қаблии раиси Оҷонсии зидди фасод 12-уми январ иҷрокунандаи вазифаи раиси Душанбе таъин шуд.
Хабарҳо дар бораи вазифаи нав гирифтани Саидзода дар ҳолест, ки ӯ моҳи июли соли 2012 замони амалиёт дар Хоруғ дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Расонаҳо иттилоъ дода буданд Хайрулло Саидзода, ки ноиби додситони кул ва сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон буд, дар Хоруғ ба сифати роҳбари гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ҳодисаи куштори сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал Абдулло Назаров қарор дошт ва аз сӯи афроди номаълум мавриди латукӯб қарор гирифт.