Туҳмату “подстава”-и тоҷикон ҳамчун “террорист”: Касе узр напурсид (АКС)
Се муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки охири моҳи гузашта дар шабакаҳои федеролии Русия ҳамчун террорист муаррифӣ ва намоиш дода шуданд, изҳор медоранд, ки боздошти онҳо саҳнасозӣ буд.
Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз раҳоии ин гуруҳи муҳоҷирони тоҷик хабар дода, аз қавли онҳо афзудааст, ки ягон мақомдор аз онҳо барои туҳмат ва муаррифияшон ҳамчун террорист дар шабакаи телевизион ҳатто узр напурсидаст.
Убайдулло Ҳалимов, яке аз ин муҳоҷирон гуфт, 21 декабри соли 2016 ҳамроҳи бародар ва ҳамсояашон дар яке аз мардикорбозорҳои шаҳри Маскав интизори кор буданд, ки як марди рус омада, онҳоро ба кор даъват кард: “Гуфт 5 тонна оҳанро бояд фароред. Рӯзи 22 декабр ӯ омада, моро аз назди метрои ВДНХ гирифт, вале дар роҳ ба куҷое занг заду гуфт, ки кор нашуд. 2700 рубл ба дастамон доду мо ба хона баргаштем”.
Ба гуфтаи Ҳалимов чанд рӯз пас-26 декабр он корфармо дубора занг зада, онҳоро ба кор даъват кардааст: “Гуфт дар ҷои қаблӣ, назди метрои ВДНХ вомехӯрем. Ӯ бо як мошин, ки ронандааш дигар кас буд, омада моро гирифт. Гирд-гирди Маскав тоб дода, ба як минтақаи саноатӣ, ба як ҷои номаълум бурд”.
Ин муҳоҷири тоҷик афзуд, вақте аз мошин поин шуданд, корфармо ба онҳо гуфтааст, ки ҳамроҳ бо либосҳои кории худ ҷузвдон ва асбобу анҷоми кории ӯро низ бо худ гиранд: “Вақте ин чизҳоро гирифтем дидем, ки 30-40 метр дуртар аз мо як автобус истода, 15-20 афсари пулис бо камераҳо аз он берун шуданд. Онҳо моро дастгир карда, ба як ошхона бурданд, ки он ҷо чанд нафари дигарро низ боздошт карда буданд. Вақте сабаби боздоштро аз онҳо пурсидем, гуфтанд, ки дар утоқи дигар террористеро дастгир кардаанд ва шояд мо низ ҳамроҳи онҳо бошем”.
Ба қавли Убайдулло Ҳалимов пас аз якуним соат пулис сумкаҳои онҳоро тафтиш карда, аз ҷузвдони корфармо як китоб, симкорт, сӯзандоруҳо ва якчанд ҳуҷҷатҳоро пайдо кардаанд: “Дар дохили сумка як латтае буд, онро кушоданд, ки аз дарунаш 20 тири автомат афтод. Мо гуфтем, ки ин сумка моли мо нест, дигар мо он карфарморо надидем. Пулис ҳатто намегузоштанд, ки ба ӯ занг занем”.
Ҳалимов гуфт, баъди чанд рӯзи боздошт онҳо бо кӯмаки ҷунбиши муҳоҷирони корӣ озод шуданд ва касе барои туҳмат аз онҳо узр напурсид.
Ин дар ҳолест, ки аз ҷумла телевизиони НТВ-и Русия 28 декабр аз боздошти як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” гузориш пахш кард. Дар ин гузориш намоиш дода мешуд, ки пулиси рус аз ин муҳоҷирон силоҳу адабиёти мазҳабӣ ва ҳатто парчами сиёҳи “Давлати исломӣ”-ро кашф ва мусодира кардааст.