Баъди муноқиша бо дӯстписар: Зан худро овехтааст...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 28-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, ӯ “дар ҷинояти ба худкушӣ расонидан” гумонбар мешавад. Торнамои расмии ВУД менависад, дастгиршуда рӯзи 10 декабри соли 2016, бо арӯсшавандааш, зани 31-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу муноқиша намуда, шаъну шарафи ӯро паст задааст: “Дар натиҷа, тахминан соати 11:00-дақиқаи ҳамон рӯз арӯсшавандааш дар ҳавлии истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст”.
Бино ба иттилои манбаъ, нисбати боздоштшуда бо дастрасии моддаи 109 қисми 1 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Торнамои ВУД меафзояд, ин сокини Ҳамадонӣ қаблан бар асоси моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ муҷозот шудааст.