Оё Рустами Эмомалӣ № 2-и Тоҷикистон низ мешавад?
Иршод Сулаймонӣ
Рӯзи 12-уми январ дар фазои Тоҷикистон пурҳангоматарин хабар таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси шаҳри Душанбе буд. Ин хабар аз ду нигоҳ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт:
Якум ин ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, яке аз пурнуфузтарин мансабдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон буд ва ҳамчунин яке аз пояҳои тавозуни қудрат дар кишвар ном бурда мешуд, бидуни интизор мақомашро ба писари бузурги раисҷумҳур супурд; Дувум ин ки маҳз Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Убайдуллоев омад ва ин тағйирот бигӯ магӯҳоро дар долонҳои ҳукуматӣ ва коршиносӣ дар мавриди наҳваи интиқоли қудрат дигар намуд.
Ҳоло ин ки, оё Рустами Эмомалӣ дар мақоми раиси шаҳри Душанбе метавонад ба андозаи даврони Убайдуллоев муваффақ шавад (ҳарчанд роҳбарии 20-солаи Убайдуллоевро ҳам коршиносон чандон муваффақ ҳисоб намекунанд), метавонад як пешдоварӣ бошад. Зеро то кунун фаъолиятҳои барҷастаи Рустами Эмомалӣ ва зарфиятҳои мудириятии ӯ барои ҷомеа рӯнамоӣ нашудааст. Вале ҳоло суоли асосӣ ин аст, ки оё Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ҳам мешавад? Зеро бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон соҳиби ин мансаб шахси сиёсии № 2-и кишвар ҳисоб мешавад ва дар замони пеш аз вақт қатъ шудани ваколати президент, то замони интихоботи нав метавонад иҷрокунандаи вазифаи президент бошад.
Маҷлиси миллӣ ҳарчанд, ки маҷлиси доимамалкунда мебошад, вале маҷлиси касбӣ нест. Фаъолияти он даъватӣ аст. Аммо аз лиҳози ин ки як миқдор салоҳиятҳо ва ваколатҳоеро дорад, аз ҷумла таъйид ва ризояти баъзе мансабдорони сатҳи баланд, то андозае таъминкунандаи тавозуни қудрати сиёсӣ мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе бар асоси қонунгузории Тоҷикистон бояд, ҳатман вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бошад. Вакили ин Маҷлис ҳуқуқи интихоб ва таъин шуданро ба узвияти Маҷлиси миллӣ низ дорад. Аз ин рӯ бар асоси қонунгузорӣ Рустами Эмомалӣ ҳуқуқ ва шонси интихоб шудан ба узвияти Маҷлиси миллиро дорад. Вале раиси ин Маҷлис метавонад вакиле бошад, ки намояндаи дигар минтақа бошад. Яъне шарт ва ҳатмӣ нест, ки раиси Маҷлис бояд раиси шаҳри Душанбе ва ё узви Маҷлис аз ҳисоби вакилони шаҳри Душанбе бошад.
Ҳарчанд Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақоми раиси шаҳри Душанбе барканор шудааст, вале бар асоси қонунгузорӣ метавонад вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, узв ва раиси Маҷлиси миллӣ боқӣ бимонад. Худи Маҳмадсаид Убайдуллоев бар асоси саҳмия (квота)-и шаҳри Душанбе узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд. Мантиқан (на қонунан) дар чунин ҳолатҳо мансабдороне, ки аз ҳисоби саҳмияи як мансаб узвияти Маҷлисро ба даст овардаанд, баъди рафтан аз мансаб аз узвияти худ ҳам даст мекашанд. Аммо дар шароити Тоҷикистон ин бастагӣ ба мувофиқае дорад, ки дар сатҳи роҳбарии сиёсии кишвар ҳосил мешавад.
Ҳоло бар асоси қонун имкон надорад, ки Убайдуллоевро аз мақоми раиси Маҷлиси миллӣ барканор бикунанд. Зеро тибқи моддаи 4-и қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ" ваколати узви Маҷлис дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад: ҳангоми вафот; истеъфо; ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд; эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд; қатъи шаҳрвандӣ; соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар; тарки доимии ҷумҳурӣ; ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест; парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон.
Тибқи ин модда Убайдуллоев метавонад раиси Маҷлис боқӣ бимонад ба ҷуз меъёри ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, вале ин меъёр ҳам бештар шомили вазъи касоне мешавад, ки мақомҳои низомиро соҳиб мешаванд.
Дар мавриди аз мақоми раиси Маҷлиси миллӣ рафтани Убайдуллоев танҳо як гузина боқӣ мемонад, ин ҳам агар худи эшон аз ин мақом истеъфо бидиҳад. Албатта гузинаи дигаре, ки метавонад муҷиби аз мансаби раиси Маҷлис канор задани Убайдуллоев гардад, ин бозхонди он аз ҷониби аъзои Маҷлис мебошад. Ин гузинаро моддаи 23-и қонун дар бораи “Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” замонат медиҳад, вале аз назари мо ин гузина дар вазъ ва замоне истифода мешавад, ки барои он заминаи иҷтимоӣ ва ё сиёсӣ вуҷуд дошта бошад.
Вале агар омадани Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси шаҳри Душанбе ба хотири ҳузури давомдори ӯ дар ҳарими қудрат бошад, пас мешавад тахмин зад, ки ба хотири интиқоли қудрат имкон дорад, ки ӯ раиси Маҷлиси миллӣ ҳам бишавад.
Дар доираҳои коршиносӣ аз чанд гузинаи интиқоли қудрат суҳбат мешавад. Ҳоло дар маҳофили сиёсӣ аз ду номзади эҳтимолӣ дар интихоботи соли 2020-и президентӣ суҳбат мешавад, ки яке ҳам Озода Раҳмон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигаре шаҳрдори тозатаъини Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошанд.
Агар қарор аст, ки яке аз ин ду номзад бошад, пас мантиқӣ аст, ки яке аз ин ду раиси Маҷлиси миллӣ мешавад ва ҳамин гуна шароити интиқоли қудрат бехавфтар мегардад. Вобаста ба ин ки дар соли 2020 мо ду интихобот – Президент ва Маҷлиси намояндагон дорем ва баргузор кардани ҳар ду дар як сол барои будҷаи кишвар гарон меуфтад, эҳтимол меравад, ки яке аз интихоботҳо пеш аз фурсат баргузор шавад. Ба эҳтимоли зиёд интихоботи зудҳангоми президент дар соли 2018 ё 2019 баргузор гардад. Бо таваҷҷуҳ ба мақом ва унвони нави Эмомалӣ Раҳмон, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки бидуни мансаби президентӣ низ дар идораи давлат масуният (иммунитет) дорад, эҳтимол меравад, ки интиқоли қудрати мавриди назар сурат бигирад.