“Тоҷикстандарт” ва додситонӣ харкушӣ дар Суғдро шарҳ доданд (АКС+САДО)
Ибодулло Қурбониён, директори оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, дар пайи нашри навори харкушиҳо дар интернет ин масъаларо мавриди санҷиш қарор додаанд.
Қурбониён имрӯз, 13-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар пайи нашри наворҳо дар дили мо ҳам шубҳа пайдо шуд ва як гуруҳи корӣ масъалаи гӯшти хар дар Суғдро мавриди санҷиш қарор дод: “Гуруҳи корӣ муайян намуд, ки харҳоро ба хотири пӯст мекуштаанд”.
Раиси “Тоҷикстандарт” аз наворҳои паҳншуда дар интернет зикр кард, ки он ҷо гуштҳо партофтагӣ буданд, аммо пӯсти хар набуд. Ба гуфтаи ӯ пӯсти хар нисбат ба пӯсти ҳайвонҳои дигар қиматтар будааст ва онро бархе тариқи қочоқ ба Қирғизистон содир мекардаанд.
Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд ҳам имрӯз, 13 январ зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи иттилоъ дар бораи пӯсти хар гуфт, "воқен ҳам дар ВАО ва умуман, миёни аҳолӣ гапҳо оид ба истифодаи гӯшти хар бениҳоят зиёд шуда истодаанд ва аз рўйи санҷишҳо ба забҳ кардани гўшти хар ин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳамчунин, коркарди пўсти хар дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҶДММ, ки "Файзи Мастчоҳ" ном дорад, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян карда шудааст ва оид ба ин гурўҳи корӣ ташкил гардидааст, ки сабабҳои аз куҷо дастрас кардан, ба куҷо бурдан, бо кадом мақсад пўсти харро истифода кардан, ҳамаи ҳамин ҳолатҳо мавриди санҷиш қарор дорад".