Парлумон аз Ғанӣ хост, хешашро барои таҳқири тоҷикон бозхонд кунад
Парлумони Афғонистон аз раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ хостааст, хешаш Абдулқаюми Кучайро барои таҳқири тоҷикон аз мақоми сафирӣ дар Маскав бозхонд кунад.
Аҳмадшоҳ Рамазон, узви парлумони Афғонистон гуфтааст, парлумон бо ирсоли номаи расмӣ аз Ғанӣ бозхонди Кучайро аз мақоми сафирӣ дар Русия талаб кардааст: “Тоҷикистону Русия аз ҷумлаи наздиктарин кишварҳо барои Афғонистонанд. Кӯчай Тоҷикистонро таҳқир кард. Аммо ин назари ӯ ба мавқеъгирии давлат ва мардуми Афғонистон мувофиқат намекунад. Ман бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷӣ ва Абдулло Абдулло, раисиҷумҳури иҷроияи Афғонистон дар ин маврид суҳбат доштам. Онҳо зидди чунин изҳоротанд ва онро маҳкум мекунанд. Гуфтанд, ки дар назди Президент оид ба ин мавзуъ суҳбат кардаанд”.
Ба гуфтаи вакилони афғон Кучай на танҳо давлату мардуми Тоҷикистон балки Русияро низ таҳқир кардааст.
Замин Кобулов, фиристодаи Владимир Путин дар умури Афғонистон низ изҳороти Кучайро ғайри қобил қабул ва беасос хондааст: “Ин изҳороти аблаҳонаи бедалел дар ҳаққи давлати Тоҷикистон, иттифоқчии стратегии Русия мебошад. Ман бо Кӯчай, ки эътимодномаи сафирӣ гирифтаасту рӯзҳои наздик бояд онро ба Владимир Путин супорад, 13-уми январ мулоқот дорам ва хоҳам гуфт, дар изҳороташ аз интизом кор бигирад”.
Кӯчай охири моҳи декабр дар суҳбат бо видеоблоги афғонӣ гуфт, пушти интиқоли маводи мухаддири Афғонистон русҳо ва мафияи Тоҷикистон меистад. Ӯ дар мавриди тоҷику Тоҷикистон афзудааст, ки “Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст”.
Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон ахиран таъкид намуданд, ки чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда гардида, ҳамчунин муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд.