Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе шаҳрвандонеро, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони райиси шаҳр ва райисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар асоси муроҷиати қаблии шаҳрвандон, ки аз ҷониби шўъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи райиси шаҳри Душанбе бо ин мақсад ба қайд гирифта шуда буданд, 28 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.
-Дар маҷмўъ мўҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кўмакҳои молиявию маслиҳатӣ ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуданд,-афзуд манбаъ.