“Аз ҳисоби хизматрасонии ройгон ба имтиёздорҳо қарзор шудем”
Алимурод Тағоймуродов, роҳбари корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Тоҷикистон мегӯяд, қарзи корхона дар назди буҷа ба 34 миллион сомонӣ расидааст. Ӯ яке аз сабабҳои қарздор мондани корхонаро хизматрасонии ройгон ба афроди имтиёздор ва аз сӯи ҳукумат пурра пардохт нашудани ҳаққи ин хизматрасониҳо унвон кард.
Ба гуфтаи Тағоймуродов, тибқи муқаррарот корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Тоҷикистон ба шахсони имтиёздор хизматрасонӣ мекунад ва чунин ҳаққи хизматрасониҳо бояд аз буҷаи давлатӣ пардохт гардад: “Мо дар соли гузашта барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои афроди имтиёздор дар ҳаҷми 6,9 миллион сомонӣ маблағ пешниҳод кардем, ки пардохт гардад, лекин 2,4 миллион сомонӣ пардохт гардид. Акнун тасаввур кунед, ки 4 миллиону 300 ҳазор аз тарафи буҷа ба мо маблағгузорӣ карда нашуд, лекин мо ҳисобот додем, ки ба мардум хизматрасонӣ кардем ва аз ҳисоби ин гуна хизматрасониҳо андозбандӣ мешавад. Ин қарзҳо дар гардани мо бор шудан мегирад”.
Корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Тоҷикистон тибқи қарори ҳукумати кишвар ба кормандони имтиёздори мақомоти додситонӣ, амният, ВКД ва Вазорати дифоъ хизмат мерасонад ва ҳаққи ин хизматрасониро бояд ҳукумат ба корхона пардохт намояд.
Алимурод Тағоймуродов қарзи берунаи корхона, яъне қарз дар назди созмонҳои хориҷиву байналмилалиро 35 миллион доллари амрикоӣ гуфт. Ин қарзҳо бояд то соли 2028 пурра баргардонида шаванд.