Раҷаби Мирзо: Убайдуллоев рафт. Акнун чӣ мешавад?
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, ки солҳои охир бо Маҳмамдсаид Убайдуллоев, собиқ раиси шаҳри Душанбе ҳамкории зич дошт, назарашро дар мавриди кори собиқ раис ва вазъи сиёсӣ баъди рафтани ӯ баён доштааст.
Раҷаби Мирзо мегӯяд, 12-уми январ дар рӯзи барканории Убайдуллоев нафарони зиёде ба ӯ занг задаанд ва суол карданд, ки акнун чӣ мешавад: “"Ҳеч чиз намешавад, агар манзуратон ин бошад, ки Убайдуллоев кадом иқдоми сиёсӣ анҷом медиҳад”.
Ба гуфтаи рӯзноманигори маъруф Убайдуллоев дар мавриди эҳтимоли нофаҳмиҳо бо Президент ҳанӯз чандин сол пеш ҷавоб дода буд: “Гуфт, дар солҳои аввали ба қудрати сиёсӣ расидан, аз як пири сиёсат дуо гирифт ва машварат, ки сабабҳои ба ҷанг печидани Тоҷикистон ҳамин шуд, ки шаҳрдори Душанбе бо президенти вақташ назарҳои мухталиф доштанд. Ман қавли мардона додаам ва онро ба ҳич ваҷҳ намешиканам!".
Раҷаби Мирзо зикр кардааст, ки ду сол қабл замони расидан ба синни нафақа маҳз Убайдуллоев гуфт, ки барои аз раисии шаҳр рафтан ариза навишт, аммо онро қабул накарданд: “Аризаи Убайдуллоев замоне буд, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон қариб ҳамарӯза "титу пит"- и пойтахтро баровардан мехостанд. Ҳама бесаранҷом буданд, ғайри Шаҳрдор, ки мегуфт бархе аз матолиби пахшшуда воқеият доранд... Дар ҳамин ҳолат ҳам ман дар чашмон ва гуфтори Убайдуллоев як чиро мехондам: Тоҷикистон "ҳамту" дигар нашудааст, курсиҳо низ доимӣ нестанд, агар гап сари курсии ман аст, ҷои гап надорад”.
Раҷаби Мирзо мегӯяд, ҳеч гоҳ шахспараст набуд: “Агар Убайдуллоевро тавсиф кардам, ӯро не, ҳарфу принсипҳоеро кардаам, ки бо ман наздикӣ дошт”. Дар идома рӯзноманигори тоҷик иқтибосҳое аз қавли Убайдуллоев овардааст, ки баёнгари принсипҳои кору зиндагияшанд:
“ Ман аз ҳисоби маоши худам маблағ ҷамъ меоварам, то ба Ҳаҷ равам, ё Худованд рӯзе амонаташро гирифт, аз пули ҳалоли меҳнатиам масраф кунанд”...
“ Ман бо виҷдони худ ва мани худ ҳамеша дар муборизаам!”..
“Ман озодиро дӯст медорам”...
“ Худованд на ба ҳама имкон фароҳам меорад, ки бо сари баланд ба нафақа равад. Бубинед, бо Янукович чӣ иттифоқе пеш омад”...
“Яке аз рисолатҳои худамро ман дар мубориза бо миёнаравҳо мебинам. Онхо мисли паразит ба ҳама халал мерасонанд. Аз ин хотир, сомонаи “Бе миёнаравҳо” - ро фаъол намудем”...
“Барои дар Амрико зистан, бояд тафаккури амрикоӣ дошт”...
“ Чаро бо мушкилоти пойтахт танҳо шаҳрдор мубориза барад? Зеро дигарон худро ба дигарон ганда карданӣ нестанд!”...
“ Механизми назорат чист? Он чи ки гуфтӣ, иҷро кун!”..
“ Дар баъзе ҳолатҳо бояд масъалаҳоро тариқи судӣ ҳал кард, то фарҳанги қонунияту масъулияти мардум боло гирад”..
“ Рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа ягон раиси ноҳияи пойтахт дар кабинети корӣ набошад. Пеши мардум равед!”..
“ Виҷдонам азоб медиҳад, ки нисбати баъзеҳо лафзи қабеҳро истифода мебарам.Чӣ, магар бе лафзи қабеҳ имкони шаҳрдорӣ надорем?”..
“Дар замони раҳбариам теъдоди мактабҳои сохтаамон аз мактабҳои қаблан мавҷудбуда бештар аст. Ман аз ин ифтихор дорам!”..
“ Гузоштани лавҳаву ҳайкал ба одами фавтида аз нигоҳи ислом дуруст аст? Шояд беҳтар бошад ба номаш кӯчаеро гузорем?”...
“Шукронаи Худованд, ки моро ба истиқлолият расонд”...
“ Имсолро бояд соли мубориза бо дурӯғ эълон кунем!”...
“ Дар ҳама давру замон ислоҳотхоҳонро дуруст намефаҳмиданд. Аммо баъд ба қадри онҳо расидаанд”..
“ Бовар кунед, мардуми тоҷик бисёр мардуми хубу бофаҳм аст. Танҳо онҳоро ба ҳарфу мавқеи худ бояд мутмаин кунонд. Оре, мутмаин кунондани мардум кори осон нест, аммо имконпазир аст!”...
Дар ҳамин аксари сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳо аз кори Убайдуллоев тайи ҳудуди 20 соли роҳбарияш дар Душанбе тавсиф карда, барои хидматҳояш изҳори ташаккур намуданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоеви 65-сола, ки аз соли 1996 ба ин сӯ раиси Душанбе буд, 12-уми январи соли 2017 бо фармони президент аз мақомаш барканор шуд: “Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Убайдуллоев Маҳмадсаид аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод карда шавад”.
Бо фармони дигар Рустами Эмомалии 29-сола, писари бузурги раисиҷумҳур иҷрокунандаи вазифаи раиси Душанбе таъин шудааст. Дар маросими муаррифии раиси нав Қоҳир Расулзода ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои хизматҳои арзишманд дар солҳои тӯлонии роҳбарӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, тибқи фармони Президент барои фаъолияти босамар ба ӯ Ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи-1 тақдим кард.