Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷузъиёти тағйироти кадриро, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 12-уми январ дар сатҳи вазирҳо ва шаҳрдории Душанбе амалӣ кардааст, ироа намуд.
Ба иттилои манбаъ бо фармони раисиҷумҳур Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод шуда, Рустами Эмомалӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси пойтахт таъин гардид. Бо фармони раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ аз мақоми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барканор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин барои барканории муовинони раиси шаҳри Душанбе -- Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич (муовини аввал), Самадов Шакарбек Додхоевич, Мақсудзода Шӯҳрат ва Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич розигӣ дод.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Президент озод гардида, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Назирмадзода Бахтиёр бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Муинӣ Мавсума бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, фаъолияти худро минбаъд ба ҳайси муовинони раиси шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон барои ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Саидзода Қурбон Тағай ва Ҷумазода Фаррух Турақул розигӣ доданд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Саиднуриддин Акрам аз вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонов Аламхон Ҷамилович аз вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Сиёмардзода Сайдамир аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод шудаанд.
Бо Фармони дигари раисҷумҳур Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардидааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самӣ Шариф Ҳамид аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун" озод ва бо Фармони Президенти мамлакат иҷрокунандаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.
Ҳамчунин, бо Фармони Президент Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа аз вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич аз вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.