Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра агентӣ дар доираи ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ як силсила муоҳадаҳои байниидоравӣ ва протоколҳои муборизаи муштарак бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба имзо расонд. Бо ин мақсад то ин лаҳза агентӣ 22 муоҳадаи байниидоравӣ ва протоколҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Русия, Ӯзбакистон, Афғонистон, Эрон, ИМА ва Украина имзо кардааст.
Бойиси тазаккур аст, ки тӯли 10 моҳи охир афсарони агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 30 амалиёти муштарак гузарониданд ва аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 466 кило маводи нашъадор, 9 адад силоҳи оташфишон ва ба миқдори зиёд муҳимоти ҷангӣ мусодира намуданд. Пешниҳод шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2012 мулоқоти аъзои Гурӯҳи кории байналмилалӣ мунтазам гузаронида шавад. Пардохти саривақтии грантҳо таъмин карда шаванд. Барои татбиқи лоиҳаҳои Бунёди Маркази таълимии азнавтайёркунии кадрҳо дар агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, омодасозии утоқ барои ташкили мини-студия дар агентӣ ва таъминоти техникии он имкониятҳои молиявӣ ҷустуҷӯ карда шаванд.