Вазорат: “Таъмири тонки Толибон дар Тоҷикистон” дасиса аст
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Умари Сӯфӣ, волии собиқи музофоти Кундузро, ки танк ва дигар техникаи ҳарбии ҳаракати радикалии «Толибон» дар қаламрави Тоҷикистон таъмир мешаванд, дасисаи ғаразнок хонд.
Ин ниҳод имрӯз, 12-уми январ бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, собиқ мансабдори Афғонистон фикри беасосро ҳадафмандона изҳор доштааст: “Метавон андешид, ки волии собиқ дар мавриди силоҳҳои вазнин, аз ҷумла танкҳо, ки овардани онҳо ба Тоҷикистон, аз назар дур монад, таассуроте надорад. Вале худи Умар Суфӣ хуб огоҳ аст, ки чунин амал ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз гузориши бемантиқи ҷаноби Сӯфиро метавон ҳамчун дасисае барои тасвири манфии Тоҷикистон дар ҷомеаи Афғонистон унвон кард”.
Мақомоти тоҷик таъкид намуданд, ки вақтҳои охир масъулини Афғонистон ба ҷои таҳлили амиқи мушкилоти кишварашон ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли он масири номуайянеро пеша кардаанд, ки хилофи ҳамкориҳои созанда, муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек мебошанд.
Ахиран Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон низ изҳороти Умар Сӯфӣ, собиқ раиси музофоти Кундузро дар бораи таъмири танку техникаи низомии Толибон дар Тоҷикистон беасос хонд.
Гулмаҳмадзода 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, давлати Тоҷикистон пайваста барои ҳалли мусолиматомези мушкилоти Афғонистон талош мекунад ва изҳороти собиқ раиси Кундуз туҳмате беш нест ва барои он бояд Сӯфӣ аз халқи тоҷик узр пурсад. Ӯ интиқоли техникаи ҳарбии Толибон аз Афғонистонро ба Тоҷикистон тариқи дарёи Панҷ ғайриимкон ва хилофи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон хонд.
Қаблан Умар Сӯфӣ дар суҳбат бо расонаҳои паштузабон гуфт, ки техники низомии Толибон дар қаламрави Тоҷикистон аз сӯи мутахассисони рус таъмир мешавад.