Душанбе аз изҳороти сафири афғону шарҳи Кобул норозист
Вазорати умури хориҷӣ изҳороти Абдулқаюми Кучай, сафири афғон дар Маскавро, ки тоҷикон асолаташонро гум кардаанду мафияи тоҷик ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон машғул аст, ғайри қобили қабул хондааст.
Ин ниҳод имрӯз, 12-уми январ бо нашри вокуниши расмӣ изҳор доштааст, ки "дар ин росто ба сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ёддошти эътирозӣ супурда шуд, ки дар он нигаронии шадид ва тааҷуби ҷониби Тоҷикистон аз гузориши таҳқиромези Кучай нисбат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон баён гардидааст”.
ВКХ мегӯяд ба ҷониби Афғонистон қотеона тавсия доданд, ки суханони номатлуби шахси расмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамаҷониба таҳлил гарданд ва чораҳои муассир андешида шаванд: “Ҳамчунин тавзеҳоти мушаххас талаб карда шуд”.
Мақомоти тоҷик вокуниши Ҳукумати Афғонистонро, ки гӯё суханони таҳқиромези Кучай андешаи шахсии ӯ мебошад ва ба мавқеи Кобул дахл надоранд, боиси таассуф хондааст.
Кӯчай охири моҳи декабр дар суҳбат бо видеоблоги афғонӣ гуфт, пушти интиқоли маводи мухаддири Афғонистон русҳо ва мафияи Тоҷикистон меистад. Ӯ дар мавриди тоҷику Тоҷикистон афзудааст, ки “Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст”.
Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда гардида, ҳамчунин муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд.