Неруҳои мусаллаҳи давлати исломии Эрон дар шарқи ин кишвар як ҳавопаймои бесарнишини ҷосусии Амрикоро сарнагун карданд.
Як мақоми огоҳи низомии Эрон ба хабаргузории «Форс» гуфтааст, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини пешрафтаи ҷосусии амрикоӣ аз навъи «RQ-170» тавасути неруҳои мусаллаҳи Эрон сарнагун шуд ва бо андаке ҳисорот дар ихтиёри мо қарор гирифт. Ин мақоми низомии Эрон аз бурдани номаш худдорӣ карда таъкид кардааст, ки назар ба вуқӯъи таҷовузи ошкори марзи иқдомоти амалиётӣ ва электроникии неруҳои мусаллаҳи ҷумҳури исломии Эрон алайҳи ҳавопаймоҳои мутаҷовиз ба марзҳои кишвар маҳдуд нахоҳад монд.
Бино ба қавли мутахассисон ин навъи ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоиро то ин замон ҳеч дастгоҳи радарӣ ва мухобиротӣ кашф накарда буд.